ОҒОЗИ ЛОИҲАИ “МУСТАҲКАМГАРДОНИИ ХАДАМОТИ ОФИЯТБАХШӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ” МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ташкилоти UCP Wheels for Humanity (UCPW) (Ҷамъияти фалаҷи майнагӣ «Чарх барои башарият»), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT – World Confederation for Physical Therapy) лоиҳаи “Мустаҳкамгардонии хадамоти офиятбахшӣ дар соҳаи тандурустӣ” ба кори худ оғоз намуд. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаи мазкур 225 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06 соли 2019, №192 гурӯҳи мутахассисон аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва координатори лоиҳа аз 24 то 27 июни соли 2019 ба шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина сафар намуданд.
Мақсад аз сафари мазкур иштирок дар вохурӣ оид ба оғози лоиҳа бо намояндагони USP ва Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия буд, ки дар ин вохурӣ нақшаи кории солона, барои соли 2019 оид ба иҷроиши лоиҳа тартиб дода шуд.
Дар доираи иҷроиши лоиҳаи мазкур бояд нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таълимии ихтисоси “Реабилитатсияи тиббӣ” аз нав дида баромада шаванд. Бо ин мақсад аз хориҷи кишвар экспертони байналмилалӣ даъват карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин бо иштироки мураббиёни байналмилалӣ барои омӯзгорони ихтисоси Реабилитатсияи тиббӣ ва физиотерапия дар коллеҷ семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ҳамчунин омӯзгорони ихтисоси мазкур дар давоми 3 соли фаъолияти лоиҳа ба шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина барои табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи физиотерапия сафар хаҳанд намуд.
Ба раванди иҷроиши лоиҳа ҳамчунин муассисаҳои дар самти офиятбахшии маъюбон фаъолияткунанда, мутахассисони соҳаи офиятбахшӣ ва физиотерапия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин 4 нафар ҳамшираҳо – хатмкардагони донишкадаи Mobility india – и Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷалб карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин хатмкардагони донишкадаи мазкур ба кафедра барои кору фаъолият ба ҳайси омӯзгор ҷалб карда мешаванд.
Тибқи нақшаи кории лоиҳа моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷамъомади мутахассисон оид ба оғози лоиҳа дар назар дошта шудааст, ки дар он гурӯҳи корӣ оид ба аз нав дида баромадани нақша ва барномаҳои таълимии ихтисоси Реабилитатсияи тиббӣ ташкил карда мешавад. Тибқи нақшаи корӣ 3 семинари омӯзишӣ оид ба коркарди барномаҳои таълимӣ (5 руза, дар давоми соли 2019) ва 5 семинари омӯзишӣ оид ба воридсозии барномаҳо ба раванди таълим, аз чорум семоҳаи соли 2019 дар назар дошта шудааст. Семинарҳои омӯзишӣ чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар Ҷумҳурии Украина давоми се соли иҷроиши лоиҳа ташкил ва баргузор карда хоҳанд шуд.
Дар анҷоми лоиҳа амалишавии мақсадҳои зерин дар назар дошта шудааст:
1. Кафедраи Офиятбахшии тиббӣ-иҷтимоии Коллеҷ бо мутахассисон таъмин карда шуда, сатҳи тахассуснокии омӯзгорон баланд бардошта хоҳад шуд;
2. Нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таълимии ихтисоси офиятбахшии тиббӣ ва физиотерапия бо дарназардошти талаботи байналмилалӣ таҷдиди назар карда мешаванд;
3. Барои ташкили Ассотсиатсияи физиотерапевтони Тоҷикистон замина пайдо мешавад;
4. Баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон барои дар оянда такмил додани пояи моддӣ-техникии кафедра дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ замина хоҳад гузошт.

Ш.Ашуриён, З.Азиззода

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3