ҶАШНИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР "КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"

Нигариданд: 195

    Санаи 16-уми ноябри соли 2019 бахшида ба “Рӯзи Президент дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ“ конфронси илмӣ- назарявӣ зери унвони “Пешвои миллат поягузори давлатдории миллӣ“ баргузор гардид.
Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ гуна сифот, суруда ё чакомаи ниёз надошт ва надорад. Ӯ бе муболиға офтоби бахти тоҷикони тамоми рӯйи дунёст.
    Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон давраи мураккаби эҳё, гузариш ва барқарорсозии Тоҷикистон ба поён расид ва кишвари азизи мо ба марҳалаи рушди устувор қадам гузошт.
Дар конфронс омӯзгорони ҷавон аз кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ” Дониёров Т.Н. дар мавзӯи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ” ва Каримзода С. С. Дар мавзӯи “Рӯзи Президент – ҷашни таърихӣ ва дастоварди миллӣ” баромадҳои пурмуҳтавое карданд, ки аз тарафи аҳли толор гарм истиқбол ёфт. Дар ҳар давру замон дар тӯли таърих шахсиятҳои барҷаста аз қабили Маҳатма Ганди, Шарл де Голл ва Мухатир Муҳаммад чун пешвоёни муваффақи миллат ворид шудаанд.
Фазои озоди сиёсӣ, демократия, ислоҳоти иқтисодӣ, поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ, рушду нумӯи саноат дар кишвар ва дигар беҳбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ метавонад Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намояд.
    Аз баромади ассистенти кафедраи “Забони тоҷикӣ” Саидова С.С. “Ҷавонон ва мавқеи меҳварии онҳо дар сиёсати Пешвои миллат“ шогирдон илҳом гирифта, донишҷӯ Манижаи Ҷаъфар дар мавзӯи
“Нақши иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими давлатдории миллӣ” маърӯза намуд ва пурра гуфтаҳои устодони пеш аз ӯ маърузанамударо тасдиқ намуд. Дар ҳақиқат дар сиёсати имрӯзаи давлатдорӣ Пешвои миллат ҷавононро дастгирӣ намуда мавқеи онҳоро дар пешрафту саноатикунонии кишвар устувор гардонидааст, ки ин аз дастгтирии ҳамешагии Сарвари давлат ва ҳомӣ шудани ӯ ба ҷавонон пайдост. Ичунин дар конфронс бо мавзӯъҳои зерин:
“Пешвои миллат ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон” ва
“Образ лидера нации в художественной литературе”, ки аз тарафи омӯзгори кафедраи фанҳои тиббӣ- биологӣ Валиев А. ва мудири кафедраи Забони русӣ Салимов И.С. омода шуда буд ироа гардид.
Дар конфронс оиди нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози андеша шуд. Хизматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои илм, маориф ва тиб мавриди омӯзиш қарор гирифт. Қироати порчаҳои назмӣ ва овардани гуфтаҳои сарони дигар кишварҳо дар бораи сиёсати сулҳпарваронаи Ҷаноби олӣ ва мақоми ӯ дар таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон аз тарафи донишҷӯён конфронсро ҳусни анҷом бахшид.

Мудири кафедраи “Забони тоҷикӣ” Нажмуддинова С.Н.