МО - БО ШУМО ҲАСТЕМ! КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

    Соли 1992 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 3-юми декабр ҳамчун «Рузи байналмилалии маъюбон» эълон карда шудааст. Аз ин рӯзи ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун рӯзи байналмилалии маъюбон дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана як зумра чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалӣ принципҳои аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид таъсисшударо оиди баробарҳуқуқӣ, озодӣ ва дигар ҷиҳатҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва дар амал онро ба кор мебарад. Дар Қонуни ҶТ дар бораи «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оиди таъмин ва дастгирии онҳо дар бахшҳои мухталифи ҷамъиятӣ, варзишӣ, таҳсилот, касбомӯзӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, инчунин таъмини саривақтӣ бо нафақа, идрорпулӣ, кӯмакҳои хайриявӣ дарҷ гардидааст. Рӯзи байналмиллалии маъюбон ҳамагонро оиди инсонҳое, ки ба кӯмак ва дастгирӣ ниёз доранд, хотиррасон мекунад. Ҳамчунин онҳо новобаста аз ин дорои иродаи қавӣ ҳастанд ва дар фаъолияти касбии худ маҳорати баланди эҷодкорӣ нишон дода, бо ҳунарҳои худ дигаронро мафтун кардаанд. Ин рӯз барои ҷомеаи мо ниҳоят зарур аст – аввал барои он, ки инсонҳои солим аз проблемаҳои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуддошта огоҳ мешаванд ва барои иродаи қавии фавқулода ва мақсадноки маъюбон, ки метавонд дар шароитҳои ниҳоят душвор ба муваффақиятҳои беназир ноил шаванд. Чунин маҳорати дуст доштани зиндагӣ ва зиндадилии онҳо барои дигарон метавонад дарси ибрат бошад.

    Донишҷӯёни ихтисоси «Офиятбахшии тиббӣ» - и Коллеҷи тиббии ҷумхуриявӣ тасмим гирифтанд, ки бахшида ба рузи байналмилалии маъюбон як барномаи таълимиро пешкаши ҳамагон расонанд.
   Дар конфронс сухани ифтитоҳӣ ба муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Азиззода З.А. дода шуд. Мафсуф оиди таҷлили иди одамони имконияташон маҳдуд суханронӣ намуданд. Аз тарафи донишҷӯёни ихтисоси «Офиятбахшии тиббӣ» оид ба синдроми Даун, аутизм ва фалаҷи кудаконаи майнаи сар маълумоти мухтасар пешкаш карда шуд. Ба ҳамагон хотиррасон карда шуд, ки ин бемориҳо ба нажот, дину мазҳаб, миллат, сатҳи зиндагӣ алоқамандие надоранд.
    Аммо табибон сабабҳои тахминии синдроми Даунро дар нодуруст сабзидани занҷираи хромосомаҳо медонанд, ки одатан онҳо бояд 46- то бошанд, аммо дар инсони синдроми Даун дошта 47-ро ташкил медиҳанд.
Қайд карда шуд, ки Аутизм – ин вайроншавии доимии инкишоф мебошад, ки ба кори майнаи сар таъсир мерасонад. Дар натиҷаи он алоқаи одам бо муҳити гирду атроф вайрон мешавад ва аввалин бор дар солњои чилуми асри гузашта ин беморӣ муайян карда шудааст.
Маълумот оиди фалаҷи майнаи сари кӯдакона аз тарафи корманди ҷавони кафедра Абдураҳимова Некбахт пешкаш карда шуд.
Дар конфронс мутахассиси соҳаи физиотерапия, ки дар Коллеҷ ба ҳайси волонтёр фаъолият дорад Тсучия Татсуо суханронӣ намуд. Ӯ дар бораи дастовардҳои соҳаи физиотерапия дар Ҷопон суханронӣ кард.
Имкониятҳои инсон ҳадду канор надорад. Имрӯз мехостем ба он нафароне, ки имконияти маҳдуд доранд орзӯ намоем, ки он мақсадҳое, ки онҳо дар назди худ гузоштаанд ба он муваффақ шаванд ва ба комёбиҳо бирасанд. Ба Шумоён барори кор хоҳонем.
Мо - бо шумо ҳастем! Ба шумоён тансиҳатӣ, қувваи ҳаётӣ, барои корҳоятон комёбиҳо мехоҳем!

Искандарова М.Х. – омӯзгори кафедраи “Офиятбахшии тиббӣ бо курси тибби шарқ” – и МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”
Қурбонова Д.А. - омӯзгори кафедраи “Офиятбахшии тиббӣ бо курси тибби шарқ” – и МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”