БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ТАЪЛИМӢ ДОИР БА МАВЗӮЪИ «ИСТИФОДАИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ВАТАНӢ ҲАНГОМИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД» БАХШИДА БА “СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

Нигариданд: 316

    Санаи 17 уми декабри соли 2019 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” конфронси таълимӣ доир ба мавзӯъи «Технологияи бадастории моддаҳои фаъоли биологӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ» бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагон аз сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сармутахассиси Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ Амиров Ҷовидон Ғаюрович, ходимони илмии МД “Маркази илми тадқиқотии фарматсевтӣ” Имомиён Равшан ва Валиев Абдуҷаббор ширкат варзиданд.
   Дар конфронс донишҷӯён доир ба мавзӯъи «Истифодаи гиёҳчойҳо барои табобати бемории диабети қанд ва бемориҳои ҳамроҳкунандаи он» маърӯза намуда, доир ба таркиби гиёчойҳое, ки барои табобати ин беморӣ фоидабахшанд ба иштирокчиён маълумот пешкаш карданд. Дар конфронс маълумот доир ба устоди тамоми табибони ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино маълумот оварда шуда, аз ҷумла қайд карда шуд, ки Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур бо номи Абӯалӣ Сино 16 августи соли 980, дар деҳаи Афшана наздики Бухоро ба дунё омада, яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ буд. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ мансуб ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри IX истифода бурда шудаанд.
    Растаниҳои шифоӣ барои бемории диабети қанд ва бемориҳои ҳамроҳикунандаи он мувофиқи таълимоти Абӯалӣ ибни Сино барги чормағз, газна, кокутӣ, ғилофаки лубиёи сафед, самари хуч ва муруди ҷангалӣ мебошад. Растаниҳои ин оила дар байни растаниҳои шифобахш ҷойи махсусро ишғол мекунанд ва дар тибби халқӣ зиёд истифода бурда мешаванд. Таҳқиқотҳо муайян намуданд, ки растаниҳои ин оила барои иштиҳо ва ҳалшавии хӯрок, инчунин бемориҳои гурда истифода бурда мешаванд. Ин растаниҳо хосияти хурокҳалкунандагӣ ва ангезандагӣ дошта, дар тибби муосир аллакай васеъ истифода мешаванд. Аз ин ҷиҳат фоидаи фармакологии зиёд дошта, диққати тадқиқотчиёнро ба худ ҷалб намудаанд.
Барои табобати бемории диабети қанд истифодаи маҷмуъгиёҳ, ки таркибаш аз самари хуч, барги чормағз, барги газна, гиёҳи кокутӣ, ғилофаки лубиёи сафед иборат аст фоидабахш мебошад.
    Дар барги чормағз (Juglans regia), барги газна (Urticae folium), гиёҳи кокутӣ (Origanum vetter), ғилофаки лубиёи сафед (faba folium album), самари хуч (Fructus rosae) ва барги мурди ҷангалӣ (Folarum ferox Pirum) сафедаҳо, аминокислотаҳо, чарбҳо (омега-3, омега-6), карбогидратҳо, витаминҳо (В1, В2 В3, В4, В5, В6, В9, В12), макроэлементҳо, микроэлементҳо, калсий, оҳан, магний, фосфор, калий, натрий, мис, селен, йод мавҷуд аст. Мувофиқи маълумотҳои дақиқ дар барги газна витамини С ду баробар зиёдтар аз меваи муруди ҷангалӣ мебошад.
   Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон аз ҷиҳати кимиёи кам омухта шуда, яке аз самтҳои омӯзиш ва тараққиёти истеҳсолоти фарматсевтӣ мебошанд. Донишҷӯён бо ҳамроҳии устодон ба мавзеъҳои Тоҷикистон, ки он ҷойҳо макони сабзиши ин гиёҳҳои шифобахшанд, аз ҷумла н.Ҳамадонӣ, кӯҳи Хоҷа-Муъмин, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, кӯҳи Эмом-Аскара, кӯҳи Валвалак, куҳи Фурӯш, ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг сафар намуда онҳоро ҷамъоварӣ намуда, дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши назди Коллеҷ мавриди истеҳсол қарор медиҳанд.