ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Нигариданд: 147

Санаи 4 – уми январи соли 2019 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷаласаи якҷояи Шӯрои олимон ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи директори Коллеҷ, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба натиҷаи фаъолияти муассиса дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 ироа гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Қайд карда шуд, ки соли 2019 Коллеҷ ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, аз ҷумла фаъолияти марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ боз ҳам фаъол гашта, дар маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия дар давоми сол 705 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст аз онҳо 291 ҷарроҳӣ тариќи дастгоҳи эдовидеоҷарроҳӣ амалӣ шудаанд. Дар маркази таълимӣ-табобатии стоматология ба 334 - нафар хизматрасонии даҳонпизишкӣ расонида шудааст. Дар маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар давоми соли гузашта 7 999 қуттиҳои гиёҳчой ба фурӯш бароварда шуда, ба муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи 46 143 сомонӣ гиёҳчой дастрас карда шудааст.

Сохтмони асосии бинои нави замонавии Коллеҷ дар суроѓаи кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 ба анҷом расонида шудааст.
Дар заминаи осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ, дар ҷамоати деҳоти Айнии н.Варзоб қарор дорад, айни замон сохтмони маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони он оғоз гардидааст.
Дар давоми 5 соли охир дараҷанокии омўзгорон нисбат ба соли 2015 то 47,1% боло рафтааст.
Тазаккур дода шуд, ки воридсозии низоми кафедравӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии Коллеҷ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва равнақ бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ имкон дод, ки солҳои охир сифати таҳсилот дар Колеҷ боло бурда шавад. Аз ҷумла нисбат ба соли гузашта дар Коллеҷ сифати таҳсилот ба 8,3%, пешрафт ба 5,8% ва давомот ба 11,6% боло рафтааст.
Соли 2019 МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар давоми соли 2019 донишҷӯёни Коллеҷ дар якчанд озмунҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси Кори ҳамширагӣ Бобоҷонова Нурангез дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол - 2019”, ки санаи 23 декабри соли 2019 аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид фаъолона ширкат варзида, бо ифтихорномаи Кумита сарфароз гардид.
Соли 2019 Саидов Абдуҳанон донишҷӯйи бахши 3-юми ихтисоси “Кори тиббӣ-ташхисӣ” дар озмун ширкат варзида, сазовори унвони гирандаи Стипендияи Президентӣ гашт. Қайд намудан зарур аст, ки Саидов Абдуҳанон ҳамчунин тариқи озмун ба ҳайси роҳбари гурӯҳи Авангарди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъйин карда шудааст.
Қодиров Солмон донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси Кори дандонсозӣ ва Ясинова Озода донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси Кори ҳамширагӣ тариқи озмун соҳиби унвони гирандагони стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ гаштанд.
Бобоева Нигора донишҷӯи курси 3-юми факултети Кори фарматсевтӣ дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Мо ҷавонон амалҳои ифротӣ ва хуруфотпарастиро маҳкум менамоем” созовори ҷойи якум ва Ғаюрова Умеда донишҷӯи курси 1-уми факултети Кори момодоягӣ дар озмуни китобхони беҳтарин таҳти унвони “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...” сазовори ҷойи дуюм гашта бо диплом ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Озмуни мазкур аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил ва баргузор гардид.
Айни замон хазинаи китобхонаи Коллеҷ 64 845 адад адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки нисбат ба 5 соли гузашта то 50% зиёд гардидааст.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 30 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун - тиб, кимиё, биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа, барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм таҳқиқот бурда истодаанд. Дар Коллеҷ 4 нафар докторони илмҳои тиб, 10 нафар номзадони илмҳои тиб ва 2 нафар номзади илмҳои филология фаъолият доранд.
Қайд карда шуд, ки корҳои тарбиявӣ ва рушди варзиш низ дар Коллеҷ солҳои охир пурзӯр карда шудаанд. Донишҷӯёни Коллеҷ дар давоми сол дар чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ ва варзишии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат доштанд.
Дар хобгоҳи Коллеҷ 508 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 287 нафар духтарон истиқомат мекунанд. Соли 2019 дар назди хобгоҳ майдончаи варзишӣ дар масоҳати 800м2 бунёд карда шуд. Дар назди майдонча барои бозиҳои варзишии волейбол, баскетбол, теннис майдончаҳои иловагӣ сохта шудааст.
Ҳамкориҳои байналмилалии Коллеҷ солҳои охир рушд намуда, айни замон Коллеҷ бо якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимии хориҷии кишвар ҳамкориҳои босамарро ба роҳ гузоштааст.
Дар охири ҷаласа омӯзгороне, ки соли 2019 дар соҳаи таълиму тарбияи донишҷӯён фаъолияти босамар доштанд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Коллеҷ дар ҷодаи омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ нақшаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.