85 СОЛАГӢ МУБОРАК БОД! МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

    Соли 2020 ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 85 сол пур шуд. Таърихи ин макони илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. 25 августи соли 1935 бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт. Солҳои аввал омӯзишгоҳ душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Мутахассисон – омӯзгорон намерасиданд, машғулиятҳо ба забони русӣ ва ба воситаи тарҷумонҳо баргузор мегаштанд, заминаи моддию техникии таълимгоҳ дар сатҳи паст қарор дошт. Қатъи назар аз ин, омӯзишгоҳ беш аз пеш рушду тараққӣ меёфт. Асосгузор ва аввалин директори омӯзишгоҳ А.В. Тихонович буд. Ӯ то соли 1939 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузоштааст. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Ю.И. Додхоев, У.У. Умаров, Ф.А. Абдураҳмонов, М.Қ. Қаюмова, М.К. Отаева, А.Ҳ. Ҳакимҷонов, Б.Ш. Гадоев ва Ҳ. Ибодов роҳбарӣ намуданд. Феълан роҳбарии коллеҷро н.и.т., Ш.С. Ашуриён ба уҳда дорад. Соли 1937 хатмкардагони нахустин, ки 77 нафар буданд, соҳиби дипломи омӯзишгоҳ гашта, ҳамчун корманди касбии тиббӣ ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуданд. Солҳои минбаъда баробари тараққӣ ёфтани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, раванди таълими донишҷӯён дар Омӯзишгоҳи тиббӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Омӯзишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, санитарию фелдшерӣ, фелдшер-лаборант, техники дандон, духтури дандон, ҳамшираи тиббии муолиҷавӣ ва ҳамшираи тиббии муассисаҳои муолиҷавию пешгироии бачагон мутахассисони миёнаи тиббӣ тайёр мекард. То солҳои 80-уми асри гузашта дар назди омӯзишгоҳ курсҳои такмили ихтисоси кормандони миёнаи тиб фаъолият доштанд. Ҳамин тавр, пояи моддиву техникии омӯзишгоҳ тадриҷан беҳтар шуда, барои донишҷӯён шароити хуби зисту таҳсил муҳайё мегашт. Аз соли 1970 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе барои дигар омӯзишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ заминаи таълимию методӣ гардид.
    Соли 1988 таълимгоҳ барои хизматҳои шоён дар кори омода сохтани мутахассисони миёнаи тиб бо медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР қадр карда шуд. Ҳамчунин 2 нафар кормандони он бо медалҳои нуқраи намоишгоҳ ва 3 нафар бо шаҳодатномаи «Иштирокдори Намоишгоҳи Комёбиҳои Хочагии Халқ -и СССР» сарфароз гаштанд.
    Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1999, №100 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999, №141 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд. Баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №527 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2007, №11 Коллеҷи тиббӣ номи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро гирифт. Дар асоси “Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ карда шудааст, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба Муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” табаддули ном карда шуд.
    Давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар Коллеҷ таҳаввулоти бузургу назаррас ба вуқӯъ пайваст. Заминаи моддию техникӣ ва кадрии коллеҷ сол аз сол мукаммал гардид. Айни замон МДТ “Колељи тиббии љумҳуриявӣ” дорои 3 - бинои таълимӣ, хобгоҳ, 2 маркази таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ, маркази таълимӣ-табобатии љарроҳия, маркази таълимӣ-табобатии стоматология, маркази таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, маркази таълимӣ-ахборотии таълими фосилавӣ оид ба мавзӯи банаќшагирии оила, 4 адад ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ), зиёда аз 255 адад синфхонаҳои таълимӣ, 10 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 3 майдончаи варзишӣ, 2 – толори варзишӣ, 2 толори маҷлисӣ, 2 ошхона мебошад.
    Бинои нави таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 соли 2020 ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии ҳудуди он 13 000 м2 (1,3 га), аз он ҷумла масоҳати зери сохтмон - 4150,50м2, масоҳати роҳҳо ва гузаргоҳҳо – 3270,50 м2, масоҳати майдончаи варзишӣ – 1850,25м2, масоҳати сабзазорҳо ва гулгаштҳо – 3728,75м2 - ро ташкил медиҳад. Масоҳати таълимии бино бошад 16 627м2 – ро ташкил медиҳад, ки барои 3 325 донишҷӯ дар як баст рост меояд.
Бо мақсади ба шароити муосири таълим мутобиқ намудани раванди таълим солҳои охир теъдоди зиёди технологияи компютерӣ харидорӣ карда шудааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 390, принтерҳо 89, тахтаҳои электронӣ 73, проектори мултимедӣ 75 ададро ташкил медиҳад. 97 адад компютерҳо дар китобхона, маркази таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои мудирони кафедраҳо ва декани факултетҳо бо хати интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода менамоянд.
    Дар Коллеҷ айни замон 398 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Се нафар кормандони Коллеҷ бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо Медали Хизмати Шоиста ва як нафар бо медали “Шафқат” сарфароз гардонида шудаанд. 32 нафар кормандони Коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 16 нафар бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 6 нафар бо ифтихорномаи “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд.
Роҳбарияти Коллеҷ бо Муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа солҳои охир шумораи дараҷанокии омӯзгорон бештар шуда, он нисбат ба соли 2015 то 47,1% боло рафтааст.
    Бо мақсади беҳтар намудани раванди машғулиятҳои амалии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон дар Коллеҷ якчанд марказҳои таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла маркази таълимӣ - табобатии “Ҷарроҳия”, маркази таълимӣ – табобатии “Стоматология”, маркази таълимӣ – истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”, маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ”, осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ.
Бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010, №333 дар заминаи Маркази миллии ташхис Маркази таълимӣ табобатии ҷарроҳия кушода ба истифода дода шуд. Маркази таълимӣ-табобатии “Ҷарроҳия” дорои 12 кати табобатӣ буда, дар он 8 нафар мутахассисони соҳа фаъолият менамоянд. Марказ бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он ҳамасола зиёда аз 800 ҷарроҳӣ, аз ҷумла бо истифодаи дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Дар марказ омӯзгорон низ ихтисоси худро мукаммал месозанд. Ҳамчунин марказ заминаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз фанни ҷарроҳия ба шумор меравад.
Маркази таълимӣ - табобатии “Стоматология” бо фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2012, №80§12 дар заминаи бинои таълимии №2 таъсис дода шудааст. Дар маркази мазкур 9 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд. Марказ бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ таъмин буда, ба шаҳрвандон хизматрасонии стоматологӣ мерасонад. Дар маркази мазкур таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолии донишҷӯёни ихтисосҳои кори дандонсозӣ ва табобати дандон ба роҳ монда шудааст.
    Маркази таълимӣ – истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ” бо фармоиши директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз 6 октябри соли 2010, №85 таъсис дода шудааст. Марказ дар асоси шартномаи тараффайн бо муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ташхис ва таъмири таҷҳизоти тиббиро ба анҷом мерасонад. Ҳамчунин кормандони марказ хизматрасонии технологияи иттилоотӣ ва компютериро дар Коллеҷ ба уҳда доранд. Дар маркази мазкур 3 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд ва дар он донишҷӯёни ихтисосҳои “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” ва “Ташхис ва табобати нурӣ” таҷриба меомӯзанд.
    Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” бо фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2013, №55 таъсис дода шудааст. Айни замон дар марказ зиёда аз 10 номгӯи гиёҳчой аз ҷумла чойкаҳак, сӯзанкаҳ, субинак, пудина, гули бобуна, чачрақӣ, татум, лупанак, барги зуф ва хуч истеҳсол карда мешавад. Ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии гиёҳҳо кормандони марказ бо ҳамроҳии омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтӣ барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла ба Сари Хосор, мавзеи Канаск, н. Шамсиддин Шоҳин, н.Варзоб ва дигар маконҳои зебоманзари Тоҷикистон сафар намуда, миқдори зиёди гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ менамоянд.
Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ” бо фармоиши директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз 5 сентябри соли 2013, №103§5 таъсис дода шудааст. Айни замон дар марказ чор номгӯи доругиҳо, аз ҷумла паратсетамол, атсиди атсетилсалитсилӣ, глюконати калсий ва аналгин истеҳсол карда мешавад. Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ заминаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтӣ мебошанд.
    Аз соли 2018 дар Коллеҷ маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шудааст, ки дар он аз руи ҳамаи ихтисосҳои дар Коллеҷ мавҷудбуда курсҳои такмили ихтисос ва бозомзии касбӣ ба роҳ монда шудааст.
    Соли 2016 дар Коллеҷ маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ташкил карда шуд. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири омӯзиши малакаҳои касбии ҳамширагӣ ва момодоягӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ машғулиятҳои қабликлиникиро гузашта, сипас ба муассисаҳои тандурустӣ барои таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ равона карда мешаванд.
Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатии Коллеҷ дар деҳаи Харангони н.Варзоб қарор дорад. Дар заминаи осоишгоҳи мазкур Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш фаъолият дорад. Ҳамчунин дар заминаи осоишгоҳ айни замон сохтмони маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони он оғоз гардидааст.
Шумораи донишҷӯёни Коллеҷ 7 618 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо 1984 нафарашон писарон ва 5634 нафарашон духтарон мебошанд. Дар Коллеҷ 26 нафар донишҷӯёни хориҷӣ: аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - 8 нафар, аз Ҷумҳурии Узбекистон - 2 нафар, аз Ҷумҳурии Туркманистон - 12 нафар, аз Ҷумҳурии Қазоқистон - 1нафар ва аз Федератсияи Россия 3 нафар таҳсил менамоянд.
    Воридсозии низоми кафедравӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии Коллеҷ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва равнақ бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ имкон дод, ки солҳои охир сифати таҳсилот дар Колеҷ боло бурда шавад. Аз ҷумла муқоисаи натиҷаи имтиҳоноти солҳои таҳсили 2018-2019 ва 2019-2020 нишон дод, ки дар Коллеҷ сифати таҳсилот ба 8,3%, пешрафт ба 5,8% ва давомот ба 11,6% боло рафтааст.
Айни замон дар Коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд: кори табобатӣ; кори момодоягӣ; кори ҳамширагӣ дар косметология; кори ҳамширагӣ; кори дандонсозӣ; кори табобати дандон; кори тиббӣ – офиятӣ; кори фарматсевтӣ; корҳои тиббӣ - ташхисӣ; корҳои тиббӣ-профилактикӣ; истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ; ташхис ва табобати нурӣ. Аз соли 2020 ба Коллеҷ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” бо тахассуси “Коргари ҳифзи иҷтимоӣ” иҷозат дода шудааст.
    Дар Коллеҷ 28 кафедра фаъолият менамояд, ки роҳбарии аксарияти онҳоро мутахассисони дорои унвони илмӣ ба ӯҳда доранд.
Соли 2019 МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Донишҷӯёни Коллеҷ ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда борҳо сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрели соли 2019 озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин озмун 2 нафар донишҷӯёни Коллеҷ курси 3-юми ихтисоси “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” Ашуралии Зоирҷон ва Саидов Муҳибулло бо пешниҳоди 2 лоиҳаи ихтироъкорӣ иштирок намуда, сазовори диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гаштанд.
Донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси кори ҳамширагӣ Бобоҷонова Нурангез дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол - 2019”, ки санаи 23 декабри соли 2019 аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид фаъолона ширкат варзида, бо ифтихорномаи Кумита сарфароз гардид.
Дар соли 2019 Саидов Абдуҳанон донишҷӯйи бахши 3-юми ихтисоси “Кори тиббӣ-ташхисӣ” дар озмун ширкат варзида, сазовори унвони гирандаи Стипендияи Президентӣ гашт.
Қодиров Солмон донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси Кори дандонсозӣ ва Ясинова Озода донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси Кори ҳамширагӣ тариқи озмун соҳиби унвони гирандагони стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ гаштанд.
    Бобоева Нигора донишҷӯи курси 3-юми факултети Кори фарматсевтӣ дар озмуни шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Мо ҷавонон амалҳои ифротӣ ва хуруфотпарастиро маҳкум менамоем” созовори ҷойи якум ва Ғаюрова Умеда донишҷӯи курси 1-уми факултети Кори момодоягӣ дар озмуни китобхони беҳтарин таҳти унвони “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...” сазовори ҷойи дуюм гашта бо диплом ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Озмуни мазкур аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил ва баргузор гардид.
    Таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи намунавӣ оид ба таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ, ки бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2020, №92 тасдиқ карда шудааст ба роҳ монда шудааст. Айни замон шартномаи ҳамкорӣ оид ба таълимӣ амалӣ ва ҷудо намудани кабинетҳои таълимӣ қариб бо ҳамаи муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии муқими ш.Душанбе ба имзо расидаст, ки шумораи онҳо 26 ададро ташкил медиҳад. Дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустӣ теъдоди кабинетҳои таълимӣ сол аз сол зиёд шуда, то имрӯз шумораи онҳо ба 103 адад расидааст.
Айни замон хазинаи китобхонаи Коллеҷ 64 845 адад адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки аз он адабиёти тахассусӣ – 12 248 адад, таълимӣ – 39 460 адад, методӣ – 2080 адад, бадеӣ - 9 122 адад ва адабиёти сиёсӣ- фарҳангӣ 1935 ададро ташкил медиҳад.
    Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 3 200 номгуи адабиёти таълимир дар бар мегирад, ки дар он адабиётҳо дар шакли маҷмуи лексияҳо, китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва филмҳои таълимӣ маҳфузанд ва омӯзгорону донишҷӯён ҳамарӯза аз он васеъ истифода менамоянд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 30 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун: тиб, кимиё, биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм таҳқиқот бурда истодаанд. Ҳамасола дар Коллеҷ конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ ташкилу баргузор карда мешаванд, ки дар он масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
    Фаъолияти тарбиявӣ дар Коллеҷ низ хуб ба роҳ монда шуда, он ба амалисозии мақсадҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо мақсади тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ҳаёти солим, масъулиятшиносӣ ва баҳри баланд бардоштани маърифатнокии донишҷӯён ҳамасола донишҷӯёни Коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявии сатҳи шаҳр ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Тарбияи ҷисмонии донишҷӯён яке аз мақсадҳои асосии роҳбарияти Колеҷ ба шумор меравад. Дар Коллеҷ сексияҳои варзишии футбол, волейбол, боскетбол, шоҳмот, гуштини миллӣ, тенниси руйимизӣ дар назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият мекунанд. Дастаҳои варзишии Коллеҷ пайваста дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Хобгоҳи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар суроғаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ 28/1 ҷойгир буда аз 4-ошёна ва 132 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Айни замон дар хобгоҳ шумораи умумии истиқоматкунандагон 508 нафарро дар бар мегирад. Шумораи духтарон- 287 нафар, писарон - 221 нафар мебошанд.
Ҳамасола Коллеҷро зиёда аз ҳазор нафар мутахассисони миёнаи касбӣ аз рӯи 12 ихтисос хатм менамоянд. Дар соли 2019 Коллеҷро 1731 донишҷӯён хатм намудаанд.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ, Коллеҷҳои тиббии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Арманистон ҳамкории босамар дорад.
    Ҳамчунин Коллеҷ бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ аз қабили Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария (Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ), Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, UNFPA (Хазинаи нуфузи аҳолии СММ), оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Ҷамъияти Ҳолмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) бо мақсади беҳтар намудани пояи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
    Бисёр хатмкардагони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таҳсили худро дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино давом дода, чун табибони ҳозиқ ва роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии тиббӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар шуҳратёр гаштаанд, аз ҷумлаи онҳо Академики АИ Тоҷикистон Ҳайдаров К.Ҳ.; д.и.т., профессор Мирзоева
З.А.; д.и.т., профессор Раҷабалиев Ш.Ф.; д.и.т., профессор, Воҳидов А. В.; Абдуллоева З.; собиқ сардухтури беморхонаи шаҳрии бемориҳои сироятӣ Талбов С.З.; Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиё Раҳмон; Атоев М.; Имомназарова К.А.; н.и.т., Зокиров Т.З.; Аълочии нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллоев А.; собиқ сарҳамшираи тиббии Маркази миллии тиббӣ Гадоева Г.С.; директори Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ Абдураҳмонова З.Х.; раиси ассотсиатсияи ҳамшираҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанова Н.Ҳ.; собиқ сардори шуъбаи илмӣ-методии Муассисаи давтии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Носиров С.Н. – Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР, Аълочии маорифи Тоҷикистон; Баҳромова З. Б. – н.и.т., собиқ директори Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ, собиқ мудири кафедраи тибби шарқ ва физиотерапияи Коллеҷ; Абдуллоева Ш.К. – собиқ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ; омӯзгорон Р.М. Бақоева, М.Қ. Умарова, Н.М. Шамситдинова, Ф.Г. Абдуваҳобова, С. Қурбонова ва ғ.
    Ҳайати кормандони илмию педагогӣ ва устодон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” саъю кӯшиш доранд, ки корҳои таълиму тарбия, методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда, ҷашни 85-солагии онро бо натиҷаҳои сазовор пешвоз гиранд.

Ашуриён Ш.С. н.и.т., директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»
Азиззода З.А. н.и.т., ҷонишини директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» оид ба корҳои таълимӣ
 

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3