Моҳи ноябри соли 2010 ба Шӯрои илмӣ-педагогӣ аз тарафи муаллифон – собиқ директори коллеҷ д.и.т., профессор Ибодов Ҳ. И. ва собиқ муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-амалӣ н.и.т. Муминов Ҷ. С. пешниҳод ва маъқул дониста шуд (қарори Шӯро №3, аз 25 ноябри соли 2010). Эмблема 2 ноябри соли 2011 ба Идораи давлатии патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 2 феврали соли 2011 таҳти Силсилаи TJ ва №9139 ба қайд гирифта шуд. Он то 2 феврали соли 2020 эътибор дорад. Рамзҳои эмблема: 1. ҷом ва мор – рамзи тиб, ки тақрибан 600–800 сол то милод мавриди истифода қарор дорад; мор – нишони боҳикматӣ, донишмандӣ ва абадзиндагӣ, ҳамчунин хосияти табобатӣ доштани заҳри мор, ки дар тибби қадим ва муосир васеъ истифода бурда мешавад; ҷом – зарфе мебошад барои нигоҳдории он; 2. китоб – нишонаи илму маърифат; 3. нури офтоб – нури маърифати тиббӣ, ки барои солим гардонидани ҷомеа равон мегардад; 4. навда ва баргҳои дарахти зайтун – нишонаи равияҳои гуногуни илми тибро ифода менамоянд, ҳамчунин дарахти зайтун аз замонҳои қадим чун рустании табобатӣ маълум ва машҳур мебошад; 5. ҳалқаҳои ранги сабз, сурх ва холигии сафеди байни онҳо – нишони рангҳои Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3