КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ БАХШИ ШАБОНА

Факултаи бахши шабона. Соли 2008 дар асоси «Илова ба зами- маи иҷозатномаи АУ №0000396» бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №1519 ташкил карда шудааст. Фаъолияти факулта зери шиори амалигардонии «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2008, №512 тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад. Шумораи донишҷӯёни факулта: Курси 1 – 186 нафар, аз он ҷумла 76 нафар духтар ва 110 нафар писар; Курси 2 – 214 нафар, аз он ҷумла 89 нафар духтар ва 125 нафар писар; Курси 3 – 188 нафар, аз он ҷумла 69 нафар духтар ва 119 нафар писар. Ҳамагӣ дар се бахши факулта 588 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 234 нафар духтарон ва 354 нафар писарон таҳсил менамоянд.

Дар факулта Шӯрои волидайн ташкил карда шудааст, ки ба он 23 нафар падару модарони донишҷӯён аъзо мебошанд. Сарвари факулта пайваста бо волидон дар робита буда, масъалаҳои таълиму тарбияро ба онҳо баррасӣ менамояд. Донишҷӯёни коллеҷ дар ҳама намуди чорабиниҳо, аз ҷумла чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-оммавӣ иштирок менамоянд. Бо мақсади такмили сатҳи тарбиявӣ ва ҳисси ватандӯстию миллӣ донишҷӯён ба театру консерт ва дигар чорабаниҳои фарҳангӣ сафарбар карда мешаванд. Дар факултаи шабона асосан шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои табобатӣ кор мекунанд, таҳсил менамоянд. Соли 2011 факултаро аввалин гурӯҳ иборат аз 125 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 38 нафар духтарон 87 нафар писарон буданд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҳавасмандӣ ба касби интихобнамуда дар кафедраҳо чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла дарсҳои кушоду намунавӣ, маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳо гузаронида мешаванд. Устодон ва мудирони кафедраҳо дар кори таълифи китобҳои дарсӣ саҳми назаррас доранд, аз ҷумла китоби дарсии «Фармакогнозия» (муаллиф Ҳасанова З. Ш.) ва «Технологияи дорусозӣ» (муаллиф Саъдуллоев Ҷ. Ш.) ба табъ расиданд. Агар соли 2008 ба факулта 105 нафар донишҷӯ қабул карда шуда бошанд, пас соли 2014 ин адад 186 нафарро ташкил дод. Дар тӯли фаъолияти факулта ҳамагӣ 827 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3