КОРИ ТИББӢ-ТАШХИСӢ

Факулта. Дар асоси қарори Шӯрои комиссарони халқии РСС Тоҷикистон аз 25 августи соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе), Политехникум бо шуъбаи тайёрӣ ва дар назди он, дар қатори дигар шуъбаҳо, шуъбаи «Лабораторӣ» таъсис дода шуд. Солҳо сипарӣ мешуданд. Ҷумҳурӣ тараққӣ мекард ва талабот ба мутахассисони миёнаи соҳаи тиб меафзуд. Факултаи мазкур низ рушд меёфт. Имрӯзҳо факулта дар алоҳидагӣ фаъолият менамояд ва якҷоя бо кафедраи «Ташхиси лабораторӣ» барои омодасозии мутахассисони баландпоя – лаборантҳо саҳмгузор мебошад. Хатмкардагони факулта на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи он низ кор мекунанд. Ба донишҷӯён устодони варзидаи соҳа – Ширшова А. М. ва Шамсиддинова Н. М., ки зиёда аз 35-50 сол дар ҳамин таълимгоҳ собиқаи корӣ доранд, дарс мегузаронанд. Деканҳои факулта дар даврони истиқлол – Муминов Ҷ. С., Мамадҷонова М. М., Қурбонов Н. Т., Шарипов Х. Ш. ва Саидов С. О. Дар солҳои мавҷудияти факулта зиёда аз 4000 нафар лаборантҳо омода карда шудаанд.

Ҳоло теъдоди донишҷӯёни факулта 154 нафарро ташкил медиҳад. Марому мақсади факулта баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз он ҷумла лаборантҳо, беҳтар намудани сифати дониш, пешрафт ва давомоти донишҷӯён, ҷоннок намудани корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва назоратӣ мебошад. Мувофиқи нақша рафти корҳои таълимӣ, дарсҳои назариявӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён таҳти назорат қарор доранд. Ҳамчунин декани факулта мунтазам дар машғулиятҳои муқаррарӣ ва кушоду намунавии омӯзгорони шуъба ва конфронсу маҳфилҳои илмӣ-фаннӣ ширкат намуда, онҳоро таҳлил мекунад, баҳри беҳтар намудани сифати кор маслиҳатҳои муфид медиҳад. Декани факулта дар якҷоягӣ бо мудирони кафедраву ҳайати омӯзгорон, роҳбарони гурӯҳҳо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён озмунҳои «Лаборанти беҳтарин», «Ҳафтаҳои фаннӣ», дарсҳои кушод, озмунҳои адабӣ-фарҳангӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии дохиликоллеҷӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байни коллеҷҳои тиббӣ ташкил мекунад. Ҳамасола аз соли 2006 Спартакиадаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Донишҷӯёни факулта дар онҳо фаъолона иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ кӯшиш менамоянд.

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3