КОРИ ҲАМШИРАГӢ (БАХШИ ШАБОНА)

Факулта. Бахши шабона. Бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 августи соли 2008 таҳти №1519 таъсис ёфтааст. Мақсади ташкил намудани факулта аз ҳисоби кормандоне, ки дар муассисаҳои тиббӣ кор мекунанд тайр намудани ҳамшираҳои шафқат буд. Солҳои аввал роҳбари факулта мудири кафедраи тибби оилавӣ, н.и.т. Азизов З. А. буд. Аз соли 2010 роҳбарии факулта ба уҳдаи Ҳайдаров Ф. А. гузошта шуд. Аз 15 ноябри 2012 роҳбари факулта Давлатов А. Т. мебошад. Донишҷӯёни факулта дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилу озмунҳо, корҳои ободонӣ ва спартакиадаю олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд. Масалан, донишҷӯи шуъба Ҷобирова Зебо Шералиевна соли 2013 дар олимпиада аз фанни забон дар байни факултаҳои дигар ҷойи аввалро сазовор гашт.

Донишҷӯи дигар Аминова Идимо Тӯйчиевна дар байни донишҷӯёни факултаҳои дигар аз намуди варзиши дастхобонак дар коллеҷ ҷойи аввал ва дар Спартакиадаи 7-уми ҷумҳуриявӣ байни коллеҷҳо (моҳи майи соли 2014, шаҳри Хуҷанд) ҷойи дуюмро ишғол кард. Донишҷӯи бахши 4-уми шуъба Содиқов Қурбоналӣ Эргашевич аз соли 2012 аъзои фаъоли дастаи ҳаваскорони коллеҷ мебошад. Аз соли 2014 бошад Ризоева Гулноза Дилшодовна яке аз овозхонҳои беҳтарини дастаи ҳаваскорони коллеҷ ба ҳисоб меравад. Соли 2014 донишҷӯёни факулта ва коллеҷ, ки омодасозии хони Наврӯзиро ба уҳда доштанд дар байни дигар коллеҷҳои пойтахт сазовори ҷойи 2-юм гаштанд. Сифати дониши мутахассисони тайёркардаи факулта беш аз пеш беҳтар шуда истодааст. Ҳамкории факулта, хусусан бо кафедраҳои клиникӣ, фанҳои морфологӣ, тиббӣ-биологӣ, асосҳои кори ҳамширагӣ ва ғ. хуб ба роҳ монда шудааст. Дар факулта айни замон 305 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 275 нафарашон духтар ва 30 нафар писар мебошанд. То имрӯз факултаро 276 нафар хатм кардаанд, ки аз онҳо 12 нафар соҳиби дипломи аъло ва тахассуси «Ҳамшираи шафқат», 264 нафар сазовори диплом ва тахассуси «Ҳамшираи шафқат» шудаанд.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3