КОРҲОИ ТИББӢ-ПРОФИЛАКТИКӢ

Факулта. Дар асоси Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) политехникум бо шуъбаи тайёрӣ ва дигар шуъбаҳои беҳдошт, санитария, эпидемиология ва ғ. таъсис дода шуд. Соли 1936 бо фармони Комиссариати халқии тандурустӣ Политехникуми тиббӣ ба Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдтар ба Омӯзишгоҳи тиббӣ табдил дода шуд. Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 марти соли 1999 таҳти №100 ва фармони Вазорати тандурустии ҶТ аз 14 апрели соли 1999 таҳти №141 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба Коллеҷи тиббӣ табдил ёфт. Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2006 таҳти №527 Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе Муассисаи давлатии Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ номгузорӣ шуд. Аз давраи истиқлолият роҳбарии факултаро н.и.т. Муминов Ҷ. С., Мамадҷонова М. М., Қурбонов Н. Т. ва Шарипов Х. ба уҳда доштанд. Дар солҳои мавҷудият факулта барои соҳаи беҳдошт мутахассис тайёр мекунад. Дар факулта 130 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3