Фанҳои гуманитарӣ

Нигариданд: 1144

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ"
НАЗАРОВА Маърифат Сангинмуродовна


(тав. 13.1.1972, ноҳияи Ҳисор), номзади илми филология (2014). Хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода (2007). Муаллимаи мактаби №116 (2001–02), омӯзгори мактаби миёнаи №57 ноҳияи Ҳисор (2002–07), ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2007–13) буд. Аз соли 2013 омӯзгори фанни асосҳои дониши фалсафии кафедраи фанҳои гуманита- рии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Оиди ҷанбаҳои миллӣ ва умумиинсонӣ дар шеъри Лоиқ Шералӣ пажӯҳиш анҷом додааст.



Кафедра. Соли 2007 аз кафедраи Фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумӣ (соли 2000 ташкил ёфта буд) ҷудо гардида, чун кафедраи мустақил фаъолияти худро оғоз намуд. Дар кафедра 10 нафар омӯзгор – Мунавваров Б. А., Одинаев Ҳ. С., Авезов М. Р., Соибов Ҳ. И., Қаландаров М. И., Ашурова Ф. И., Назарова М., Дилангези Раҷаб, Раҳмонова Г. М. ва Султонова Э. Ю фаъолият дорад. Мудири кафедра – Мунавваров Б. А. Кафедра бо кафедраҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ДДОТ бо номи С. Айнӣ ва ғ. ҳамкории зич дорад. Ду нафар омӯзгори кафедра унвонҷӯ ва як нафар аспирант мебошад. Кафедра ҷузъи пайвастаи сохтори коллеҷ аст. Он дар фаъолияти хеш масъалаи беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро амалӣ мегардонад. Мувофиқи оинномаи коллеҷ вазифаи асосии кафедра ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, таҳқиқоти илмӣ ва ғ. мебошад. Кафедра дар самти фаъолияти худ барои омода намудани мутахассисони баландпояи дорои донишу малакаҳои амиқ ва ташаккули шахсияти кормандони ояндаи миёнаи тиббӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар кафедра бештар фанҳои равияи ҷомеашиносӣ, аз қабили таърихи халқи тоҷик, асосҳои дониши фалсафӣ, асосҳои ҳуқуқ, асосҳои назарияи иқтисодӣ ва сотсиология дарс дода мешаванд. Бинобар ин устодони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки донишҷӯён аз таърихи миллати хеш, муборизаи ниёгон барои марзу буми ватан, ташаккули миллати тоҷик ва нақши фарзандони он дар роҳи расидан ба давлати соҳибистиқлол, қаҳрамонии фарзандони ватан дар ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ватандорию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ташаккули шуури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, динӣ ва ғ. воқиф гарданд. Нақши кафедра дар амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён ва кормандони коллеҷ, инчунин рушди қобилияти тафаккурии донишҷӯён назаррас аст. Дар кафедра барномаи таълимӣ аз ҳамаи фанҳо барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ тарҳрезӣ карда шудаанд. Кормандони кафедра дар омодагӣ ва гузаронидани конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва дигар чораби- ниҳои илмӣ, тарбиявӣ ва сиёсӣ саҳми муҳим мегузоранд. Устодони кафедра дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки оид ба масоили ҳалталаби назариявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ кор бурда, дар ташаккули тафаккури донишҷӯён саҳмгузор бошанд, ҷиҳати тайёрӣ ва омодагии онҳо баҳри манфиатҳои миллӣ ва ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзи сарзамини ватан ва ғ. кӯмак расонанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ омӯзгорони кафедра бахшида ба санаҳои муҳимми таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи истиқлолият, рӯзи Сарқонун, ҷашни Парчами миллӣ, мазмуну муҳта- вои вохӯриҳои Сардори давлат бо намояндагони касбу кори гуногун, ҷашни солгарди Рӯзи ғалаба, оиди ёдоварӣ аз фарзандони фарзонаи миллат Абуалӣ ибни Сино, Б. Ғафуров ва ғ. конфронсу мизҳои мудаввар баргузор менамоянд. Устодони кафедра дар баробари баланд бар- доштани сифати таълиму тарбия вазифадор шудаанд, ки китобу маҷмӯаҳо тартиб дода ба табъ расонанд. Аз ҷумла: «Саволу ҷавобҳои тестӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик», «Курси мухтасари лексияҳо аз фанни таърихи халқи тоҷик», «Шарҳи истилоҳоти фалсафӣ», «Маҷмӯи лексияҳо аз фанни асосоҳои дониши фалсафӣ», «Маҷмӯи лексияҳо аз фанни назарияи иқтисодӣ», китоби дарсии «Сотсиология», саволу ҷа- воб ва «Маҷмӯи лексияҳо аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва ғ.