Ташхиси лабораторӣ

Нигариданд: 1656

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ"
АМИНОВ Абдусаттор Ҳакимович

(тав. 1974, деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод), омӯзгор, мутахассиси дараҷаи олӣ. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат; 1993) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000). Мудири озмо- ишгоҳи клиникӣ ва биокимиёвии Беморхонаи бемориҳои сироятии ш. Душанбе, ҳамзамон ассистент (1998–2014) ва баъдан (аз моҳи сентябри соли 2014) мудири кафедраи ташхиси лаборатории Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба дар раванди таълим усулҳои ба таври фаврӣ муайян намудани гурӯҳҳои хун ва ташхиси муоинаҳои тарбод ва иммуноферментиро ба донишҷӯён меомӯзад. Оид ба мавзӯи «Намудҳои гуногуни вируси ҳепатит ва этиологияи онҳо» дар Донишгоҳи тадқиқоти илмии эпидемиология ва тибби Ҷумҳурии Қирғизистон такмили ихтисос кардааст. Муаллифи чанд мақолаву дастурҳои методист. Аз ҷумла китоби дарсӣ – «Усулҳои таҳқиқоти клиникии лабораторӣ» маҳсули кори ӯст. Иштирокчии фаъоли семинару конфронсҳои илмии дохиликоллеҷӣ мебошад.


Кафедра. Соли 2010 ба фаъолият оғоз намудааст. Соли 1954 таҳти роҳбарии сарвари Омӯзишгоҳи тиббӣ Қаюмова Муҳаббат ва духтур-лаборантҳо Мосунова Л. А. ва Либина Л. Ф. шуъбаи «Фелдшерӣ-лабораторӣ» ташкил карда шуд. Роҳбари утоқ-лабораторияи «УТКЛ ва биохимия» Милинчук Л. Е. таъйин гардид. Лаборатория бо асбобҳои зарурӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуд. Худи ҳамон сол 2 гурӯҳ (11 ва 12) – фелдшер-лаборант бо маълумоти синфи 8 ва ду гурӯҳ (201 ва 202) фелдшер-лаборант бо маълумоти синфи 10 ба таҳсил фаро гирифта шуд. Соли 1961 роҳбари утоқи УТКЛ ва биохимия Ширшова А. М. интихоб гардид. Дар корҳои лаборатория пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Соли 1967 боз 2 утоқи дигар – «микробиология» таъсис дода шуд, ки дар он табибон-лаборантҳо Чанишева, Собирова Л.Р. ва Павлова А. И. фаъолият менамуданд. Лаборатория бо термостат, печи Пастер, аквадистилятор ва яхдон муҷаҳҳаз гашт. Соли 1973 боз як утоқи дигар – «Биохимия» таъсис дода шуд, ки дар он табибон-лаборантҳо Жукова Л. К., Чурсина Р. Н. (БКҶ №5) ва Кавешникова Н. Н. (госпитали ҳарбӣ) кор мекарданд. Таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ дар беморхонаҳои клиникии ҷумҳуриявии №3 ва №5, инчунин дар лабораторияи госпитали ҳарбӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1974 Антипина Н. И. ва Бақоева Р. М. ба кор шурӯъ карданд. Онҳо утоқи микробиологияро муҷаҳҳаз сохтанд, худи ҳамон сол утоқи эпидемиология таъсис дода шуд, ки роҳбари он духтур-эпидемиолог Панасян Н. Н. таъйин гардид. Соли 1976 утоқҳои биохимиявиро Романченко Л.М., утоқи УТКЛ-ро бошад, Глошкина Г. Н. роҳбарӣ менамуданд. Ӯ барои донишҷӯён маҳфилҳои иловагӣ таъсис дод. Хонандагон дар мавзӯъҳои гуногун рефератҳо тайёр мекарданд. Соли 1976 утоқи «гигиена» таъсис ёфт, ки роҳбари он Дугина Л. В. таъйин гардид. Дар ин утоқ Ким Р. Н. кор мекард, ки беҳдошти об, хок ва ҳаворо мавзӯи таҳқиқ қарор дод. Соли 1983 ба вазифаи директор Отаева М. К. таъйин гардида, то соли 1984 адои вазифа намуд. Соли 1984 ба вазифаи директори Омӯзишгоҳи №1 Ҳакимҷонов А. Ҳ. таъйин шуд. Соли 1985 утоқи биохимияро табиби касалиҳои дарун Ғафурова С. Ҳ. роҳбарӣ намуд. Ӯ утоқи биохимия ва УТКЛ-ро бо фотоэлектроколориметри нави КФК-2 ва КФК-2 МП, электрофорез, микросентрифуга ва ғ. муҷаҳҳаз сохт. Соли 1991 роҳбари комиссияи шуъбаи фелдшерӣ-лабораторӣ Антипина Н. И. ва соли 1992 Бақоева Р. М. таъйин гаштанд. Утоқи биохимияро Шамсуддинова Н.М. идора мекард. Солҳои 1993–2013 утоқи микробиологияро Лоҳутшо Азиза роҳбарӣ намудааст. Соли 1994 сардори комиссияи шуъбаи фелдшерӣ-лабораторӣ (биологӣ-гигиенӣ) Муминов Ҷ. таъйин гардид, ки то соли 1999 ифои вазифа намуд. Соли 1999 вазифаи сардори комиссияи шуъбаи фелдшерӣлабораторӣ ба уҳдаи Лолаев С. гузошта шуд. Соли 2003 Директори коллеҷи тиббӣ Гадоев Б. Ш. таъйин гашт. Сардори шуъба Саидов С. О. буд. Соли 2006 Директори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ профессор Ибодов Ҳ. таъйин гардид. Соли 2010 кафедраи клиникии тадқиқоти лабораторӣ кушода шуда, роҳбари он н.и.т. Бобоева Б. Р. таъйин гардид. Кафедра аз утоқҳои УТКЛ, биохимия ва микробиология иборат буд. Соли 2012 роҳбари кафедра Расулов Р. Н. таъйин гардид. Толори маҷлисгоҳ таъмир ва дар он тахтаи электронӣ барои намоиши филмҳои илмӣ насб шуд. Аз моҳи сентябри соли 2014 сарварии кафедра ба уҳдаи Аминов А. Ҳ. мебошад. Моҳи сентябри соли 2015 боз ду ҳуҷраи дарсҳои амалӣ, ки дорои таҷҳизоти ҳозиразамон – гемоанализатор, анализатори биокимиёӣ ва анализатори иммуноферментӣ мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Устодони феълии кафедра: Аминов А. Ҳ. (мудир), Ширшова А. М. (омӯзгор), Шамсуддинова Н. М. (омӯзгор), Абосова М. (омӯзгор), Кенҷаева Р. (омӯзгор), Ҳаитова И. Э. (омӯзгор), Муборакқадамова Р. (омӯзгор), Холов С. (омӯзгор), Ниёзова С. (омӯзгор), Хуҷагелдиева З. У. (омӯзгори соатбайъ), Умронов М. (омӯзгори соатбайъ), Бобоева Т. (лаборант) ва Раҳимова М. (фаррош).