Фармакология ва забони лотинӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ"
ҒАНИЕВА Мунира Мирзокаримовна

(тав. 26.8.1969, ноҳияи Рӯдакӣ), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи фармасевтии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Фаъолияти кориашро дар дорухонаҳои гуногун оғоз намудааст. Аз соли 2013 омӯзгори фанни фармакология, мудири кафедраи фармакология ва забони лотинии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ш. Душанбе мебошад. (2015).



Кафедра. Моҳи сентябри соли 2015 ташкил карда шудааст. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: Ғаниева М. М. (мудири кафедра, тахассуси дараҷаи якум), Эгамбердиева Р. Р. (тахассуси дараҷаи якум), Хоҷаев Қ. Г. (тахассуси дараҷаи якум), Эшназаров Ҷ. Д. (тахассуси дараҷаи якум), Ҳусейнова З. Б. (тахассуси дараҷаи дуюм), Қаландарова Д. К., Хоҷаева З. Г., Абдусамадов С. А., Ҷонмаҳмадов М. Д. ва Солиева Н. Ҳ.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3