МУДИРИ ХОБГОҲИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ЗОКИ РОВ Асадулло Садирович

(тав. 27.7.1962, ноҳияи Ҳисор), Хатмкардаи Ин-ти педагогии шаҳри Душанбе (1984). Муаллим, мудир, директори мактаби миёнаи №74-и Ҳисор (1984–2003), директори заводи хишт (2004–09), директори супермаркети ноҳияи Ҳисор (2009–11), муовини раиси фир- маи сохтмонӣ (2012–15) буд. Аз моҳи июни соли 2015 коменданти хобгоҳи Коллеҷи тиб- бии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Бинои чорошёна буда, дар кӯчаи Фирдавсӣ 28/1 воқеъ аст. Барои 422 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Аз соли 1971 фаъолият менамояд. Мудир – Зокиров А, мураббӣ Исмоилова М. Дар хобгоҳ барои донишҷӯён тамоми шароити зист – ҳаммом, ҷомашӯйхона, китобхона, ҷойи фароғати донишҷӯён, ҳуҷраҳои хӯрокпазӣ, назофатгоҳ мавҷуд мебошанд. Атрофи хобгоҳ сабзкорӣ карда шудааст. Дар майдончаи варзишии он дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3