ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ: СОЛИ 2020 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲАМШИРАГӢ ВА МОМОДОЯГӢ (2)

    Бахшида ба 200 солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) соли 2020 – ро соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намудааст. Мақсади мароми мазкур аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бори дигар аз нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолии ҷаҳон хотиррасон гардонидани аҳли ҷомеаи башар мебошад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар мактуби худ ба роҳбарони ҳамаи давлатҳои ҷаҳон оид ба масъалаи норасогии кормандони миёнаи тиббӣ дар соҳаи тандурустии ҷаҳон хотиррасон шудааст. 

    Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва баррасии нақша-чорабиниҳои Коллеҷ, бахшида ба соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева санаи 30 – юми январи соли 2020 ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ташриф овард. Зимни вохурӣ бо роҳбарияти Коллеҷ Галина Перфилева оиди нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолӣ, ташфиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташхису пешгирии саривақтии бемориҳо изҳори андеша намуд. Ҳамчунин дар вохурӣ нақшаи ягонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ пешниҳод гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар нақшаи мазкур чорабиниҳои зиёде аз ҷумла ифтитоҳи бинои нави асосии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», ташкил ва баргузор намудани конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир ба мавзӯи «Нақши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодабарии технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ», таҳияи “Энсиклопедияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»”, бахшида ба 85 солагии он, ташкил ва баргузор намудани олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузор намудани спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, таъмин намудани иштироки мутахассисони кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва конфронсҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таҳия ва нашри маҷаллаи ҷумҳуриявии «Ҳамшираи тиб ва момодоя» ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.
    Галина Перфилева аз дастовардҳои Коллеҷ дар ҷодаи омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз ҷумла ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо изҳорӣ хушнудӣ намуда, изҳор намуд, ки ӯ омода аст дар амалишавии нақша-чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ ҳамкорӣ ва дастгирӣ намояд.

Азиззода З.А.- ҷонишини директори
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба корҳои таълимӣ

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3