ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ДАР МДТ
“КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 32 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун - тиб, кимиё ва биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа, аз љумлаи онҳо 3 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва 29 нафар барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳо таҳқиқот бурда истодаанд. Ҳамасола дар Коллеҷ конфронси солонаи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор мегардад, ки дар он натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони Коллеҷ баррасию муҳокима мегарданд.

Санаи 26-уми декабри соли 2017 9 – умин конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони роҳбарияти Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, академияи илмҳои тиббӣ, муассисаҳои олии тиббӣ, ва як қатор муассисаҳои тандурустӣ ширкат доштанд. Дар Коллеҷ 4 нафар докторони илмњои тиб, 14 нафар номзадони илмҳои тиб ва 1 нафар номзади илмҳои филология фаъолият доранд. Моҳи апрели соли ҷорӣ мудири кафедраи “Педиатрия”-и Коллеҷ Икромов Турахон Шарбатович рисолаи докториашро доир ба мавзӯи “Муносибгардонии табобати интенсивӣ ва таъмини бедардкунонии кӯдакони гирифтори уролитиази дутарафа, ки бо бемории музмини гурдаҳо оризадор шудаанд” ҳимоя намуд (фармоиши Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 11-уми апрели соли 2018 № 386/нк). Шумораи кормандони ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғулбударо дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон нисбат ба 5 солаи давраи аз соли 1992 то соли 1997 ба 22% афзӯдааст.

Шумораи кормандоне, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд

Вобаста ба ин шумораи ҳимояи рисолаҳои илмӣ низ нисбат ба ҳамин давра боло рафта то соли 2018 - 4 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудаанд.

Шумораи ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз соли 1992 то соли 2018

Теъдоди корҳои чопӣ дар маҷаллаҳои даврӣ нисбат ба панҷсолаи давраи аз соли 1992 то 2018 370 адад зиёд мебошад.

Шумораи чопи мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои илмӣ-методӣ аз соли 1992 то соли 2018

Аз тарафи кормандони илмии Коллеҷ зиёда 412 мақолаҳои илмӣ, 10 тавсияҳои илмӣ-методӣ, 15 адад монографияҳои илмӣ аз чоп баромада, 5 патенти ихтироъкорӣ, 4 шаҳодатномаи муаллифӣ ба имзо расидаанд.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3