ИШТИРОК ДАР НАМОИШГОҲИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ ВА СОЛИМГАРДОНӢ, ДАР ОСОИШГОҲИ “ХОҶА ОБИ ГАРМ”- И НОҲИЯИ ВАРЗОБ

ИШТИРОК ДАР НАМОИШГОҲИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ ВА
СОЛИМГАРДОНӢ, ДАР ОСОИШГОҲИ “ХОҶА ОБИ ГАРМ”- И НОҲИЯИ ВАРЗОБ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-992 аз 20 январи соли 2018 тасдиқ гардидааст, дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнамаи маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Коллеҷ маҳсулоти истеҳсолии маркази мазкур дар намоишгоҳи имконияти сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ, дар осоишгоҳи

“Хоҷа Оби гарм”-и ноҳияи Варзоб, ки санаи 26 июли соли 2018 баргузор гардид мавриди намоиш қарор дода шуд. Қайд намудан зарур аст, ки дар Маркази таълимӣ истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Коллеҷ коркард ва истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯи гиёҳчой аз ҷумла чойкаҳак, сӯзанкаҳ, субинак, пудина, гули бобуна, чачрақӣ, татум, лупанак, барги зуф ва хуч истеҳсол карда мешавад. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши маводи доругӣ шартномаи дуҷониба баста мувофиқи дархост онҳоро бо гиёҳчойҳои ватанӣ таъмин менамояд. Имрӯзҳо қариб дар ҳама нуқтаҳои гиёҳдармонии муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриамон гиёҳчойҳои дар маркази таълимӣ-истеҳсолии Коллеҷ истеҳсолшуда мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Кормандони марказ борҳо дар намоишгоҳҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва берун аз он ташкил ва баргузор карда шудааст ширкат намуда, маҳсулоти худро мавриди намоиш қарор додаанд. Истифодаи гиёҳчойҳо барои саломатӣ муфид буда, нисбат ба доругиҳое, ки тариқи коркарди кимиёӣ ба даст оварда мешаванд таъсири заҳролудкунанда надоранд ва онҳоро метавон барои пешгирӣ ва табобати аксари бемориҳо истифода намуд. Чойкаҳак. Гиёҳчойи он хусусияти зиддиилтиҳобӣ дошта, барои табобати бемориҳои илтиҳобии маҷрои меъдаю рӯда, илтиҳоби гурдаҳо, ҷигар, дилу рагҳо, бехобӣ, асабоният ва ғ. истифода бурда мешавад.

Газанкаҳ. Гиёҳчойи газанкаҳ ҳамчун маводи хунбоздоранда, инчунин барои табобати илтиҳобии роҳҳои нафас, шошабарор, ҷигар ва роҳҳои талхабарор истифода бурда мешавад. Газанкаҳ таъсири пешобронӣ, балғамбарор, зиддиилтиҳобӣ, бедардкунанда дорад. Истифодабарии он боиси зиёдшавии ихроҷи ғадудҳои ҳозима ва шир дар модарони синамак мегардад. Маълумотҳое мавҷуданд, ки газанкаҳ миқдори қандро дар хун паст менамояд.


Кокутӣ. Гиёҳчои кокутӣ барои табобати бемориҳои илтиҳобии роҳҳои нафас, маҷрои ҳозима, гурдаҳо, ҷигар, роҳҳои талхабарор, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, узвҳои ҷинсии занона, бемории диабети қанд истифода бурда мешавад. Кокутӣ таъсири балғамрон, оромкунанда, зиддимикробӣ, пешоброн ва зиддиаллергӣ дорад.


Пудина. Дар таркиби баргҳои пудина ментол, атсиди аскорбинӣ, каротин, флавонидҳо, моддаҳои даббоғӣ ва эфирҳо мавҷуданд. Гиёҳчойи пудина барои табобати бемориҳои илтиҳобии роҳҳои нафаскашӣ, маҷрои меъдаю рӯда, дамиши шикам, ҷигару роҳҳои талхагузар, узвҳои шошабарор истифода бурда мешавад. Пудина таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддиқайӣ, иштиҳоовар, оромкунанда, пешоброн, талхарон ва дардпасткунанда дорад.


Бобуна. Гиёҳчойи бобунаро барои табобати бемориҳои илтиҳобии ковокии даҳону ҳалқ, маҷрои ҳозима (дамиши шикам, ташаннуҷи рӯдаҳо, исҳол), ҷигар, роҳҳои талхабарор, истифода мебаранд. Бобуна таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддиаллергӣ, антисептикӣ, ташаннуҷпасткунанда, талхарон ва оромкунанда дорад.


Косни. Гиёҳчойи косниро барои табобати бемориҳои илтиҳобии маҷрои меъдаю рӯдаҳо, дилу рагҳои хунгард, диабети қанд, ҷигар, маҷрои шошабарор, испурҷ ва ғ. истифода мебаранд. Косни таъсири иштиҳоовар, талхарон, зиддимикробӣ, зиддивирусӣ, зиддиилтиҳобӣ, ҳароратпасткунанда ва антатсидӣ дорад.


Татум. Таркиби баргҳои татум аз витамини С бой мебошад. Гиёҳчойи онро ҳангоми бемории диабети қанд, исҳол, гастрит ва шакли гипоатсидии бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангӯшта истифода мебаранд. Татум таъсири иштиҳоовар, зиддиилтиҳобӣ, пешобронӣ ва антиоксидантӣ дорад.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3