Маркази таълимию истеҳсолии таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ

ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ "ТАЪЛИМИЮ ИСТЕҲСОЛИИ
ТАЪМИРИ ТЕХНИКА ВА ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ" (МТИТТТТ)

РАҲМАТОВ Исмоил Мирзоумарович

(тав. 22.3.1991, ноҳияи Варзоб). Хатмкардаи факултаи «Техика ва таҷҳизоти тиббӣ»-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2012). Ҳамзамон донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи факултаи физикаи ДМТ (аз 2013). Аз соли 2011 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси лаборант, мутахассис ва аз 2015 ба ҳайси директори «Маркази таълимию истеҳсолии таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ» фаъолият дорад. Ғайр аз ин, дар дигар таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, муассисаҳо ба насб, таъмири сифатноки техника ва таҷҳизоти тиббӣ машғул аст. Соли 2009 таъсис ёфтааст. Директори аввалини он Олимов С. Н. (2009–14) буд. Сабаби ташкил шудани чунин марказ нарасидани мутахассисони хуби техника ва таҷҳизоти тиббӣ дар беморхонаю дармонгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошад. Марказ таълимӣ буда, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи техника ва таҷҳизоти тиббӣ пешбинӣ шудааст. Мутахассисони марказ ба донишҷӯён дар бораи таъмири дурусти техникаи тиббӣ, ташхиси техникӣ, тарзи кори дастгоҳҳо ва қоидаҳои истифодабарии онҳо, инчунин дар бораи бехатарии кор маълумот медиҳанд. Марказ ба ҳамаи беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таввалудхонаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ шартномаҳо баста, мувофиқи онҳо фаъолият дорад. Мутахассисони марказ моҳе як маротиба ба беморхонаҳо рафта, дастгоҳҳоро назорат ва ташхис мекунанд, соле як маротиба мувофиқи шартнома профилактикаи техникӣ мегузаронанд. Марказ ҳар сол бо донишҷӯёни лаёқатманди шуъбаи техника ва таҷҳизоти тиббӣ суҳбатҳо гузаронда, хоҳишмандонро ба кор даъват мекунад. Марказ худмаблағгузор аст. Дар марказ ҳамчунин дигар намуди техника, аз ҷумла компютер, телевизор, (DVD), техникаҳои рӯзгор ва ғайра таъмир карда мешаванд. Маблағи онҳо низ ба суратҳисоби коллеҷ мегузарад. Айни ҳол роҳбарии марказро Раҳматов И. ба уҳда дорад.

 

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3