МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
"КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"
ТАЪРИХ

Соли 2015 ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 80 сол пур мешавад. Таърихи ин макони илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. 25 августи соли 1935 бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт. Солҳои аввал омӯзишгоҳ душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Мутахассисон – омӯзгорони маҳаллӣ намерасиданд, машғулиятҳо ба забони русӣ ва ба воситаи тарҷумонҳо гузаронида мешуданд, заминаи моддию техникии таълимгоҳ дар савияи паст қарор дошт. Қатъи назар аз ин, омӯзишгоҳ беш аз пеш рушду тараққӣ меёфт. Асосгузор ва аввалин директори омӯзашгоҳ А. В. Тихонович буд. Ӯ то соли 1939 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузошт. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Ю. И. Додхоев, У. У. Умаров, Ф. А. Абдураҳмонов, М. Қ. Қаюмова, М. К. Отаева, А. Ҳ. Ҳакимҷонов, Б. Ш. Гадоев ва Ҳ. И. Ибодов роҳбарӣ намуданд. Феълан роҳбарии коллеҷро н.и.т. Ш. С. Ашуриён ба уҳда дорад. Соли 1937 хатмкардагони нахустин, ки 77 нафар буданд, соҳиби дипломи омӯзишгоҳ гашта, ҳамчун корманди касбии тиббӣ ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуданд. Солҳои минбаъда баробари тараққӣ ёфтани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, раванди таълими донишҷӯён дар Омӯзишгоҳи тиббӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Омӯзишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, санитарию фелдшерӣ, фелдшер-лаборант, техники дандон, духтури дандон, ҳамшираи тиббии муолиҷавӣ ва ҳамшираи тиббии муассисаҳои муолиҷавию пешгироии бачагон мутахассисони миёнаи тиббӣ тайёр мекард. То солҳои 80-уми асри гузашта дар назди омӯзишгоҳ курсҳои такмили ихтисоси кормандони миёнаи тиб фаъолият доштанд. Дар Омӯзишгоҳи тиббӣ шаклҳои таълими шабона, ғоибона, инчунин филиалҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар назди беморхонаҳо ташкил ёфтанд. Ҳамин тавр, пояи моддиву техникии омӯзишгоҳ тадриҷан беҳтар шуда, барои донишҷӯён шароити хуби зисту таҳсил муҳайё мегашт. Аз соли 1970 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе барои дигар омӯзишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ заминаи таълимию моддӣ гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1999 №100 ва фармони Вазорати Тандурустии Ҷумҳурӣ аз 4 апрели соли 1999 №141 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд. Баъдан бо назардошти саҳми таълимгоҳ дар омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, сифати таълиму тарбия, расонидани ёрии амаливу методӣ ба дигар таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, корҳои назаррас оиди ба роҳ мондани таҳия, тарҷима ва нашри адабиёти таълимиву методӣ ва илмӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 №527 ва фармони Вазорати Тандурустӣ аз 6 январи соли 2007 №11 Коллеҷи тиббӣ номи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро гирифт. Соли 1988 таълимгоҳ барои хизматҳои шоён дар кори омода сохтани мутахассисони миёнаи тиб бо медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР қадр карда шуд. Ҳамчунин 2 нафар кормандони он бо медалҳои нуқраи намоишгоҳ ва 3 нафар бо шаҳодатномаи «Иштирокдори НКХХ-и СССР» сарфароз гаштанд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, хусусан дар 10–15 соли охир, дар коллеҷ таҳаввулоти бузургу назаррас ба вуқӯъ пайваст. Имрӯзҳо Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ калонтарин таълимгоҳи миёнаи тиббӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар он бештар аз 5500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Дар коллеҷ зиёда аз 250 нафар омӯзгорони асосӣ ва 30 нафар омӯзгорон аз ҳисоби ҳамшираҳои тиббӣ, ҳамчунин зиёда аз 50 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи кормандони асосӣ 3 нафар доктор ва 19 нафар номзадҳои илми тиб (аз онҳо 6 нафар ҳамкор), 1 нафар номзади илми фалсафа, 20 нафар Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР ва Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон, 50 нафар дорои тахассуси олии омӯзгорӣ, 40 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум ва 35 нафар дорои тахассуси дараҷаи дуюм мебошанд. Пояи моддию техникии таълимгоҳ ба маротиб устувор гаштааст. Аз соли 2010 дар коллеҷ як қисми имтиҳонҳои ҷорӣ, инчунин бештар аз 15 сол боз имтиҳонҳои қабул бо усули тестии барномавӣ (электронӣ) қабул карда мешаванд. Ҳамаи тестҳои имтиҳонӣ омода ва дар Маркази тестӣ-иттилотии коллеҷ ба барномаи электронӣ ворид карда шудаанд. Соли 2015 аввалин маротиба имтиҳонҳои дохилшавии довталабони коллеҷ дар Маркази Миллии тестии назди Президенти ҶТ баргузор гаштанд. Коллеҷ дорои зиёда аз 200 кабинету лабораторияҳои таълимии фаннӣ ва беш аз 10 толори лексионӣ мебошад, ки аксарияти онҳо бо маводди зарурӣ, асбобҳои аёнӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд. Дар коллеҷ Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии «Дандонсозӣ», «Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ», «Дорусозӣ», «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои доруӣ», «Тестӣ-иттилоотӣ», дорухонаи таълимӣ –истеҳсолӣ, Маркази таълимӣ-клиникии «Ҷарроҳия», китобхона бо қироатхона (барои 60 ҷойи нишаст, теъдоди китобҳо – 43212 нусха), китобхонаи электронӣ (барои 15 ҷойи нишаст), толору майдонҳои варзишӣ, 2 ошхона (барои 104 ҷойи нишаст), 2 нуқтаи тиббӣ, осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ дар дараи Харангон фаъолият менамоянд. Дар коллеҷ курсҳои кӯтоҳмуддати компютерӣ фаъолият доранд, ки онро бештар аз 60 нафар хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаанд. Дар коллеҷ 3 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ барои 422 ҷойи зист, 4 маркази таълимӣ, зиёда аз 10 лаборатория (микробиологӣ, дандонсозӣ, биокимиёӣ, услубҳои таҳқиқоти клиникии лабораторӣ, таҳқиқоти санитарӣ-гигиенӣ, техника ва таҷҳизоти тиббӣ ва ғ.), зиёда аз 200 кабинетҳои таълимӣ, зиёда аз 10 толори лексионӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва Маркази тестӣ-иттилоотӣ вуҷуд доранд. Дар коллеҷ 222 адад компютер мавҷуд аст, ки ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Коллеҷ ҳамчунин 3 синфхонаи лингафонӣ, 1 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ дорад. Соли 2015 дар назди бинои асосии таълимӣ бинои нави 3-ошёнаи таълимию маъмурӣ бо маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин сохтмони бинои таълимии нави 6–7-ошёнаи коллеҷ оғоз ва феълан 3 ошёнаи он ба итмом расонида шудааст. Дар коллеҷ ҳамчунин 4 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ фаъолият менамояд, ки барои омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ саҳми назаррас мегузоранд. Коллеҷ соли 2000 ба тарзи таълими кафедравӣ гузашт. Айни ҳол дар он 25 кафедраи гуногун мавҷуд аст, ки роҳбари бештари онҳо мутахассисони дорои унвонҳои илмӣ мебошанд: Ҷарроҳия, Фанҳои гуманитарӣ, Кори ҳамширагӣ, Фанҳои морфологӣ, Фанҳои тиббӣ-биологӣ, Забони русӣ, Забони тоҷикӣ, Забони англисӣ, Косметология, Тарбияи ҷисмонӣ, Тайёрии ҳарбӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Педиатрия, Бемориҳои сироятӣ, Момоӣ ва бемориҳои занона, Тибби оилавӣ, Стоматология, Техникаи тиббӣ, Гигиена, Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби шарқ, Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия, Терапия, Ёрии таъҷилӣ, Фармакология ва забони лотинӣ, Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ, Ташхиси лабораторӣ, Ташхис ва табобати нурӣ. Бисёр кафедраҳо дар омодасозӣ ва тарбияи кормандони миёнаи тиббӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд. Фаъолияти таълимгоҳ ба амалигардонии «Консепсияи таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гаштааст, равона карда шудааст. Дар коллеҷ тарзи таълими лексионӣ-семинарӣ ва лексионӣ-амалӣ ҷой дорад. Ҳамчунин аз рӯи 11 ихтисос – Кори момодоягӣ, Кори умумитиббӣ, Кори ҳамширагӣ, Корҳои тиббӣ-ташхисӣ, Кори дандонсозӣ, Кори фарматсевтӣ, Техника ва таҷҳизоти тиббӣ, Корҳои тиббӣ-профилактикӣ, Офиятбахшии тиббӣ, Ташхис ва табобати нурӣ ва Кори ҳамширагӣ дар косметология мутахассисон тайёр карда мешаванд. Шакли таълим рӯзона ва шабона мебошад. Хатмкардагони коллеҷ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва хориҷи кишвар фаъолият менамоянд. Дар таълимгоҳ соли 2002 факултаи Кори умумитиббӣ таъсис дода шуд, ки тибқи нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таълимии омодакардаи профессори Кори ҳамширагии Донишгоҳи Каледонияи Шотландия Барбара Парфитт амал мекунад. Хатмкардагони факулта тахассуси Ҳамшираи тибби оилавиро мегиранд. Феълан 10 хатм сурат гирифт, ки ҷамъулҷамъ 4692 нафарро ташкил медиҳад. Бештари мутахассисон дар соҳаи тандурустии кишвар фаъолият менамоянд. Соли 2011 факултаи Офиятбахшии тиббӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар он 2 хатми мутахассисон сурат гирифтааст (70 нафарро ташкил медиҳад). Соли 2012 факултаи Ташхис ва табобати нурӣ таъсис ёят. Соли 2015 аввалин хатми он иборат аз 20 нафар сурат гирифт. Соли 2015 боз як ихтисоси нав – факултаи Кори ҳамширагӣ дар косметология таъсис дода, ба он 35 нафар донишҷӯён қабул карда шуданд. Ҳамин сол факултаи Кори ҳамширагӣ бо таҳсилоти умумии асосӣ аз дигар таъсис дода шуд. Ба он 172 нафар донишҷӯро қабул намуданд. Илова бар ин, нақшаҳои таълимии ихтисосҳои Кори умумитиббӣ, Кори ҳамширагӣ, Кори момодоягӣ, Корҳои тиббӣ-ташхисӣ, Кори дандонсозӣ, Кори фарматсевтӣ ба нақшаҳои таълимии курси якуми факултаҳои мувофиқи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино мутобиқ гашта шудаанд. Онҳое, ки коллеҷро бо дипломи аъло хатм намудаанд, инчунин ғолибони Олимпиадаҳои касбии донишҷӯёни курсҳои охири коллеҷҳои тиббӣ тибқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар ҶТ метавонанд тариқи суҳбат ба курси 2-юми факултаҳои мувофиқи Донишгоҳ қабул шаванд. Ба нақшаҳои таълимӣ як қатор фанҳои нав ки ҷиҳати омодасозии мутахассисони замонавӣ мусоидат менамоянд, ворид карда шуданд. Дар коллеҷ ба таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ диққати махсус дода мешавад, чунки ин барои ноил гаштан ба малакаву маҳоратомӯзии касбии донишҷӯён мусоидат менамояд. Бо ҳамин мақсад он бо ҳамаи муассисаҳои тиббии ш. Душанбе ва баъзе муассисаҳои техникӣ ҳамкорӣ дорад. Ин муассисаҳо заминаи таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён мебошанд. Дар онҳо баъзе кабинетҳои таълимӣ ва кафедраҳои коллеҷ ҷой гирифтаанд. Соли 2010 4 нафар донишҷӯи ихтисоси Техника ва таҷҳизоти тиббӣ барои таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ ба Ҷумҳурии Украина фиристода шуд. Ҳамчунин аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дастгоҳи озоншифоӣ харидорӣ карда шудааст. Дар кафедраи Педиатрия дар заминаи беморхонаи клиникии шаҳрии ҷарроҳияи бачагона кабинети озоншифоӣ мавриди истифода аст. Дар он корҳои муолиҷавӣ, таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзии табибон, кормандони миёнаи тиб ва донишҷӯён ба роҳ монда шудаанд. Чор нафар донишҷӯ дар коллеҷи тиббии Бангалори Ҳиндустон дар факултаи тавонбахшии тиббӣ таҳсил доранд. Онҳо пас аз хатми коллеҷ бо тахассуси бакалавр ба Тоҷикистон баргашта, аз рӯи ихтисос фаъолият менамоянд. Аз соли 1999 дар коллеҷ шуъбаи таълимӣ-методӣ (ҳоло илмӣ-методӣ) амал мекунад. Он маркази тарғибу ташвиқи асосҳои илмии педагогикаю психология, дидактика ва методикаи муосири таълиму тарбия, инчунин таҷрибаи пешқадами соҳа ва корҳои илмӣ-методиву илмӣ-тадқиқотӣ маҳсуб мешавад. Шуъбаи илмӣ-методӣ ба дигар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ёрии амаливу методӣ низ мерасонад, барои худомӯзӣ, такмили маҳорати педагогӣ ва табодули таҷриба шароити мусоид фароҳам меорад. Шуъба ҳамаи коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриро бо нақшаву барномаҳои таълимӣ, мавод, дастуру ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин менамояд. Дар шуъба дар якҷоягӣ бо олимону омӯзгорони кафедраҳо барои таҳия, тарҷима ва нашри адабиёту дастурҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ, модулҳои таълимӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Дар тӯли 5 соли охир зиёда аз 100 номгӯй мавод ва аз рӯйи беш аз 3000 мавзӯъҳои фанҳои мавҷудаи коллеҷ модулҳои таълимӣ нашр гардидаанд. Ҳамчунин бисёр барномаҳои таълимӣ ба забони давлатӣ тарҷима карда шудаанд. Дар назди шуъба семинари доимӣ барои омӯзгорони ҷавон ва таҳсилоти педагогӣ надошта, инчунин мактаби таҷрибаи пешқадам фаъолият дорад. Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи шуъба якҷоя бо ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо конфронсҳои дохилитаълимгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналхалқии таълимӣ-методӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ, адабӣ-фарҳангӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар (бештар сайёр), озмунҳои гуногуни касбиву фарҳангии «Беҳтарин аз рӯйи касб», «Беҳтарин омӯзгор», «Бонуи беҳтарин», машғулиятҳои кушоду намунавӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, викторинаҳо, олимпиадаҳо, ҷаласаҳои ҷамъияти илмии донишҷӯён, маҳфилҳои фаннӣ ва ғайра гузаронида мешаванд. Дар бештари онҳо омӯзгорони таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, кормандони муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ширкат меварзанд. Дар шуъба намунаи тамоми ҳуҷҷатҳои таълимиву методӣ ба забони давлатӣ ва русӣ таҳия карда шудаанд, ҳамчунин бештари ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии ба салоҳияти коллеҷ тааллуқдошта низ омода гаштаанд, ки бо онҳо таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ низ таъмин карда мешаванд. Аз ҷониби кормандони шуъба стандартҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва 8 тахассуси Коллеҷҳои тиббӣ таҳия ва бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд. Дар назди коллеҷ Шӯрои директорони коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст, ки фаъолияти ҳамаи таълимгоҳҳоро ба танзим медоранд, масоили ҳалталабро дар ҳамбастагӣ ҳаллу фасл ва фаъолияти онҳоро назорат менамояд. Иҷрои қарорҳои Шӯро барои ҳамаи қоллеҷҳои тиббӣ ҳатмӣ аст. Дар коллеҷ ба масъалаҳои тарбиявӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар он Шӯрои методии роҳбарони гурӯҳҳо фаъолият ва ҳамаи паҳлуҳои корҳои тарбиявиро танзим менамояд. Корҳои тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои ҷамъиятии коллеҷ – созмони ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён ва Шӯрои занону духтарон амалӣ гардонида мешаванд. Дар гурӯҳҳои таълимӣ тибқи ҷадвал роҷеъ ба масоили гуногуни тарбиявӣ ва мубрами адабиву фарҳангӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд, бахшида ба ҷашнҳо ва санаҳои гуногуни таърихиву адабӣ конфронсу озмунҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Солҳои 1988–89 донишҷӯён Маматқулова Нигора оид ба таэквандо ва Шералӣ Достиев оид ба муштзанӣ қаҳрамони Осиё гаштанд. Бо ташаббуси Коллеҷи ҷумҳуриявӣ соли нуҳум аст, ки Спартакиадаи ҷумҳуриявии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ аз рӯи намудҳои футбол, баскетбол, волейбол, армстерлинг ва тенниси рӯйимизӣ гузаронида, ғолибон бо мукофотҳои пуливу хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамасола варзишгарони коллеҷ ҷойҳои аввал ва ифтихориро соҳиб мегарданд. Аз ҷумла онҳо соли 2009 аз намуди футбол ҷойи 1, баскетбол (занҳо) ҷойи 1 ва волейбол ҷойи 3-юмро (занҳо ва мардҳо) ишғол намуданд. Аз 14 то 16 майи соли 2015 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов Спартакиадаи IХ донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Рӯзи Ҷавонон», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва ҷашни 1035-солагии мавлуди олими барҷаста, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иди касбӣ – Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар Спартакиада донишҷӯёни коллеҷ аз рӯи намудҳои варзишии «Футболи хурд» (ҷойи 2), «Баскетбол» (ҷойи 2 – духтарон, ҷойи 3 – писарон) ва «Волейбол» (ҷойи 2 – духтарон, писарон) қувваозмоӣ карданд. Ғолибони мусобиқаҳо бо ҷомҳо, медалҳо ва диплому ифтихорномаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи коркунони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Соли 2008 дар озмуни «Ориёно» бахшида ба Иди Модарон байни донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ Олимова М. ҷойи аввалро соҳиб гашт. Соли 2010 дар озмуни «Гулдухтарон» бахшида ба Иди Модарон, ки дар байни коллеҷҳо гузаронида шуд, 12 нафар донишҷӯи факултаи «Кори момодоягӣ» ҷойи аввалро соҳиб гашта, бо мукофотҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо қадр карда шуданд. 18 апрели соли 2015 барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои миллӣ ва фароғатӣ-маишии ҷавонон 500 нафар донишҷӯ ва роҳбарони гурӯҳҳо ба Боғи ботаникии шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. 21 апрели соли 2015 бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба бозии волейбол, гӯштини миллӣ (дар вазнҳои аз 55 то 65 кг), шоҳмот ва дав дар масофаи 3000 м, дар байни дастаҳои донишҷӯёни коллеҷҳои ҷумҳурӣ барои «Ҷоми Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ба номи М. С. Осимӣ, ки аз тарафи роҳбарияти донишгоҳи мазкур ташкил шуда буд, иштирок намуданд. Дастаи духтарони волейболбоз ҷойи 1, шоҳмот – ҷойи 2, гӯштини миллӣ – ҷойи 3-ро сазовор гаштанд. 23 майи соли 2015 Ниммарафони 7-уми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт, дави байналмилалӣ ба масофаи 21 км баргузор гардид, ки дар он 600 нафар омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок намуданд. Соли 2008 донишҷӯёни таълимгоҳ дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявии фанҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуда, ҷойҳои назаррасро соҳиб шуданд: Хоҷаева Ш., донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси Кори момодоягӣ, аз фанни биология – ҷойи 1, Қурбонов Д., донишҷӯи курси 3 ихтисоси Кори ҳамширагӣ, аз фанни забони англисӣ – ҷойи 1, Тимошенко С., донишҷӯи курси 3 ихтисоси Кори ҳамширагӣ, аз фанни забони тоҷикӣ – ҷойи 3. Ҳамчунин соли 2010 бо ташаббуси Коллеҷи ҷумҳуриявӣ нахустолимпиадаи донишҷӯёни таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ аз фанҳои Кори ҳамширагӣ, Кори ҳамширагии оилавӣ, Момоӣ ва бемориҳои занона барпо карда шуд. Марҳилаи аввали он дар таълимгоҳҳо ва марҳилаи ниҳоии он аз 23 то 24 апрели соли 2010 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Дар он 2 нафар донишҷӯи Коллиҷи тиббии ҷумҳуриявӣ – Ҳаётова С. (донишҷӯи курси 4 ихтисоси Кори момодоягӣ) ва Тёркина Е. (донишҷӯйи курси 4 ихтисоси Кори умумитиббӣ) ҷои аввал ва донишҷӯи курси 4 ихтисоси Кори ҳамширагӣ Қурбоналии Қурбонализод ҷои 2-ро ишғол намуданд. Ин гуна чорабиниҳо барои хубтар аз худ намудани фанҳои махсус ва баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии мутахассисони ояндаи миёнаи тиб мусоидат менамоянд. Дар моҳи майи соли 2015 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Олимпиадаи VI донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фанҳои тахассусӣ баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни коллеҷ ба дастовардҳои зерин ноил гаштанд: Ҷойи якум, медали тилло ва роҳхат ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино – Давлатов Талабшо, донишҷӯи курси 4 факултаи Кори умумитибии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; Ҷойи дуюм ва медали нуқра – Ҳомидова Нуқра, донишҷӯи курси 4 факултаи Кори умумитибии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; Ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ – Сафарова Оиша, донишҷӯи курси 4 факултаи Кори момодоягии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ҳамчунин дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии ВМ ва ҲИА ҶТ донишҷӯйи бахши 4 факултаи Кори умумитиббии коллеҷ Сафаров Азамат аз фанни биология сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси сеюми факултаи Корҳои тиббӣ-ташхисӣ Кӯҳистонов Шоҳназар аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Аз моҳи сентябри соли 2013 рӯзномаи коллеҷ таҳти унвони «Шафқат» таъсис дода шуд. Он ҳар моҳ 1–2 маротиба бо теъдоди 5000 нусха нашр карда мешавад. Муҳтавои рӯзнома аз ҳаёту фаъолияти коллеҷ, ҳайати профессорону кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён, макотиби миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, инчунин рӯйдодҳо ва навигариҳои илми тиб, ихтироъот ва навовариҳо, навигариҳои ҷаҳони муосир иборат аст. Дар давоми соли нави хониш рӯзнома бо теъдоди 40000 нусха чоп карда шуд. Дар рӯзнома мақолаву ахбороти ҳайати профессорону кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ низ рӯйи чоп оварда мешаванд. Рӯзнома ҷиҳати тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ояндаи тиб мусоидат менамояд. Аз фурӯш ва обунаи рӯзнома ба хазинаи коллеҷ аз соли 2014 то имрӯз 122342 сомонӣ ворид шудааст. Дар 10 соли охир маъмурияти таълимгоҳ ба корҳои илмӣ – тадқиқотии кормандон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Бештари омӯзгорон мақолаҳои илмӣ навишта, дар конфронсу симпозиумҳо, анҷуманҳо ва конгрессҳо ширкат менамоянд, корҳои илмии онҳо дар маҷаллаю рӯзномаҳо чоп мешаванд. Қариб 20 нафар омӯзгорон корҳои илмӣ мебаранд, 6 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктори илм дифоъ карда шудааст. Профессор Ибодов Ҳ. И. ва мудири кафедраи Педиатрия Икромов Т. Ш. дар Конгресси байналмилаллӣ «Euro medical. InternationalerKongress and Fachmesse Hannover-2013» дар ш. Ганновери Олмон ширкат ва маърӯза намуда, сазовори медалҳои Макс Ван Петтенкоффер ва Роберт Кох гаштанд. Мудири кафедраи Педиатрия Икромов Т. Ш. дар конгресси байналмилаллии EUROМEDICA-2014, ки дар ш. Ганновери Олмон баргузор гардид, дар мавзӯи «Арзёбии ихтилоли фаъолияти гурдаҳо дар мавриди пиелонефрити музмини сангӣ дар кӯдакон» баромад намуда, соҳиби медали Луи Пастер гашт. Мавсуф ба узвияти Академияи байналмилаллии фанҳо доир ба экология ва бехатарии ҳаёт қабул шуд. Кормандони коллеҷ Ибодов Ҳ. И., Набиев З. Н. ва Икромов Т. Ш. низ ҳамасола дар конгресси мазкур иштирок ва баромад менамоянд. Соли ҷорӣ Икромов Т. дар мавзӯи «Арзёбии фаъолияти нафаскашии берунӣ дар кӯдакони гирифтори нефролитиази дутарафа, ки бо иллати музмини гурда ҷӯр шудааст» баромад намуда, сазовори медали Алберт Щвейсар гашт. Мудири кафедраи Педиатрия Т. Ш. Икромов дар симпозиуми байналмилаллии «Ҷанбаҳои муосири тавонбахшии тиббӣ, пешгирӣ ва тарзи солими ҳаёт», ки дар ш. Тбилисии Гурҷистон баргузор гардид, дар мавзӯи «Барқарорсозии кӯдакони гирифтори нефролитиаз» иштирок ва баромад намуд. Дар конгресс д.и.т., профессор Ибодов Ҳ. И. низ ширкат ва бо маърӯза баромад кард. Аксари устодону кормандони коллеҷ дар чорабиниҳои илмии дохили мамлакат ва мувофиқи имкон хориҷи кишвар маърӯзаҳо карда, натиҷаи онҳоро дар маҷаллаҳои илмӣ ба табъ мерасонанд. Дар коллеҷ ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон ва ҳайати олимону омӯзгорон, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисос омӯзгорон дар Донишкадаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва кормандони тибби Тоҷикистон тахассуси худро баланд мебардоранд. Баъзе омӯзгорону кормандон дар хориҷи кишвар – Ҳиндустон, Малайзия, Руссия, Украина, Гурҷистон, Покистон ва дигар мамлакатҳо низ бозомӯзӣ ва такмили ихтисос кардаанд. Соли 2015 ҳамагӣ 30 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд: Ҳакимов Сулаймон дар Ҳиндустон оид ба тавонбахшии тиббӣ бозомуӯзӣ кардааст. Бо мақсади шиносоӣ аз рӯйи ихтисоси ташхис ва табобати нурӣ 2 корманди коллеҷ – Носиров С. ва М. Сорбон ба ш. Вилнюси Литва барои бозомӯзӣ фиристода шуданд. 3 нафар (Раҷабов Ҳ., Қурбонова З., Ҷураева М.) курсҳои бозомӯзии 11-моҳа ва 1 нафар курсҳои бозомӯзии 1-моҳаро дар Қирғизистон, инчунин 1 нафар дар Покистон (Қурбонова С.) оид ба тибби оилавӣ, 4 нафар курсҳои омӯзиширо аз фанни ёрии паллиативӣ дар Белоруссия ва Гурҷистон (Носиров С. Н., Зиятова С. Э., Икромов Т. Ш., Азизов З. А.), 1 нафар оид ба фанни забони англисӣ дар Малайзия (Назаров М. ), 1 нафар дар оид ба фанни педиатрия ва озоншифоӣ дар Украина (Икромов Т. Ш.) гузаштанд. Дар тӯли фаъолият Коллеҷи тиббиро 40411 нафар мутахассисони миёнаи тиббӣ хатм намудаанд, ки баҳри солимии аҳолӣ ва ҷомеаи мамлакат ва хориҷи кишвар хизмати шоиста мекунанд. Бисёр хатмкардагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таҳсили худро дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино давом дода, чун табибони ҳозиқ ва роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии тиббӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар шуҳратёр гаштаанд: Академики АИ Тоҷикистон, мудири лабораторияи дорушиносии Донишкадаи кимиёи АИ ҶТ Ҳайдаров К. Ҳ.; д.и.т., профессор, мудири кафедраи Тибби оилавӣ ва декани факултаи Сиҳатии ҷомеа ва тандурустии ДТБКСТТ Мирзоева З. А.; д.и.т., профессор-мушовири кафедраи Бемориҳои асаби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Раҷабалиев Ш. Ф.; д.и.т., профессор, муовини директор оид ба илм ва нашриёти маркази ташхисӣ-муолиҷавии «Шифо» Воҳидов А. В.; ноиби ректори ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино оид ба алоқаҳои байналхалқӣ, н.и.т. Абдуллоева З.; сардухтури беморхонаи шаҳрии бемориҳои сироятӣ Талбов С. З.; сардори шуъбаи клиникӣ-тарбиявии ДТИКТТ Ҳакимов А. Ш.; муовини директори Маркази ҷумҳуриявии тарзи солими ҳаёт, н.и.б., Корманди шоистаи ҶТ Зиё Раҳмон; мушовири лоиҳаи «Назорат аз болои бемории АҒНМИ дар Осиёи Марказӣ» оиди ташкил намудани маркази омӯзиши минтақавӣ роҷеъ ба омӯзонидани муҳоҷирон Атоев М.; муовини директори Маркази шаҳрии мубориза бар зидди бемории сил Имомназарова К. А.; н.и.т., ординатор ва собиқ сарвари Маркази илмии саратоншиносии ҶТ Зокиров Т. З.; Аълочии нигаҳдории тандурустии ҶТ, сардухтури санаторияи ҷумҳуриявии бачагонаи Кардиоревматологии деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб Файзуллоев А.; сарҳамшираи тиббии Маркази миллии тиббӣ Гадоева Г. С.; директори Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ Абдураҳмонова З. Х.; директори госпитали парастории ҳамширагӣ, раиси ассотсиатсияи ҳамшираҳои тиббии ҶТ Ҳасанова Н. Ҳ.; кормандони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ: Носиров С. Н. – сардори шуъбаи илмию методӣ, Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР, Аълочии маорифи Тоҷикистон; Баҳромова З. Б. – н.и.т., директори Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ, мудири кафедраи Тибби шарқ ва физиотерапия; Абдуллоева Ш. К. – собиқ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ; омӯзгорон Р. М. Бақоева, М. Қ. Умарова, Н. М. Шамситдинова, Ф. Г. Абдуваҳобова, С. Қурбонова ва ғ. МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ДТБКСТТ, марказҳои кори ҳамширагӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-клиникии тибби оилавӣ, ТУТ, Бонки умумиҷаҳонии рушди иқтисод, бунёди Сорос ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳайати кормандони илмию педагогӣ ва устодон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ саъю кӯшиш доранд, ки корҳои таълиму тарбия, методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро мувофиқи талаботи замон ва нишондодҳои Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷашни 80-солагии онро бо натиҷаҳои сазовор пешвоз гиранд.

Н. Ф. Салимов, Ш. С. Ашуриён,
С. Носиров, Б. Зарипова.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3