МАОРИФ ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ АСТ

 

МАОРИФ ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ АСТ
Баёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди маориф


 Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар илму маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат   номидаанд.
 Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон ба Маҷлиси   Олӣ қайд карданд, ки соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншоотҳои   гуногун, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф   бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Зикр гардид,   ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3020   иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1   миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст ва   соли гузашта бошад   дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои     иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.
 Маҳз натиҷаи ҳамин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва илм буд, ки   имрӯз   Муассисаи  давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” соҳиби як бинои нави   замонавӣ бо иқтидори 3500   нафар донишҷӯ дар як баст гардид.
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд,   ки то замони   истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000   донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯзҳо бошад шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41,   донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285   ҳазор нафар расидааст.
 Президенти кишвар масъалаи таъминоти кадриро низ ба миён гузошта, зикр намуданд, ки айни   замон дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим   фаро гирифта шудаанд ва даъват ба амал оварданд, ки шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад, зеро ин яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.
Пешвои ғамхори миллат барои дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Пешвои миллат зимни баромади худ омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табииро зарур шумурда, барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар баробари озмунҳои қаблии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, ғолибони озмунҳо аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Қайд кардан зарур аст, ки донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ин озмунҳо фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла донишҷӯи бахши 2-юми факултети “Кори момодоягӣ” Ғаюрова Умеда Сафовуддиновна дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, то даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт ва сазовори ҷои фахрӣ гардид. Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои иштирок дар ин озмунҳо миёни донишҷӯён корҳои таблиғотӣ бурда, иштирокчиён ва ғолибонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Дар фарҷом гуфтанием, ки дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф моро водор месозад, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода барем. Донишҷӯён бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд.

Одилзода Исмоил Ёқубҷон
Муовини директор оид ба корҳои таълим