Пирӯзии донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни фаннӣ

Пирӯзии донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни фаннӣ

Донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни “Рафиқона” байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшида ба Наврўзи Аҷам ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки санаи 3 марти соли 2018 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе баргузор гардид фаъолона ширкат варзиданд.

Дар озмуни мазкур:
-Ҳиҷрони Суҳроб донишҷӯи бахши 3 – юм факултаи “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Забони англисӣ” ҷойи 1 – ум;

- Лоиқова Таманно донишҷӯи бахши 2 – юми факултаи “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Биология” – ҷойи 1- ум;
- Ҷураева Тахмина донишҷӯи бахши 2 – юми факултаи “Кори момодоягӣ” аз фанни “Забони русӣ” – ҷойи 2 – юм;
- Шарипова Маҳина Шуҳратовна донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Забон ва адабиёти тоҷик” - ҷойи 3 – юм;
- Шарифзода Маҳмадшариф Шамсиддин донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Химия” – ҷойи 3 – юмро ишғол намуда, аз тарафи тадорукоти озмун бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар озмун аз рӯи ҷамъи холҳои даставӣ Коллеҷ сазовори ҷойи 3 – юм гашта, бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.