Фанҳои тиббӣ-биологӣ

Нигариданд: 3468

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАНҲОИ ТИББӢ-БИОЛОГӢ"
ЛОЛАЕВ Саймумин Шералиевич

омӯзгор. Хатмкардаи факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005). Фаъолияти кори- ашро ба ҳайси духтур-лаборанти Озмоишгоҳи кимиёвии санитарию гигиении Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш. Душанбе оғоз кардааст. Омӯзгор (2006), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра (2009), мудири кафедари фанҳои тиббӣ-биологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад (аз 2011). Ҳамзамон аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи кимиёи таҳлилии факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар мавзӯи таъсири мутақобилаи галогеналканҳо бо силитсий ва пайвастагиҳои он пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи беш аз 10 таълифот.


Кафедра. Соли 2000 ташкил карда шудааст. Роҳбари аввалини он (2000–06) н.и.т. Маҳмудова Замира Қосимовна буд. Солҳои 2006–09 роҳбарии кафедраро н.и.т. Муминов Ҷумъахон Саидюсуфович ба зимма дошт. Аз соли 2009 роҳбари кафедра Лолаев Саймумин Шералиевич мебошад. Дар кафедра 17 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, аз он ҷумла бо тахассуси дараҷаи олӣ – 4 нафар, тахассуси дараҷаи якум – 2 нафар, тахассуси дараҷаи дуюм – 7 нафар, бе дараҷаи тахассусӣ дараҷаи умумӣ – 4 нафар. Кафедра мутобиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарият амал намуда, мақсад дорад, ки сатҳи донишу ҷаҳонбинии донишҷӯёнро инкишоф диҳад, сифати таълиму тарбияро хуб ба роҳ монад, маводди таълимиро ба низоми муайян дарорад. Таҳти роҳбарии мудири кафедра Лолаев С. Ш. дастурҳои зерин таҳия ва чоп карда шудаанд: «Маҷмӯаи лексияҳо оиди физикаи тиббӣ-биологӣ»; «Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз фанни биология бо асосҳои экология», бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; «Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз фанни кимиёи биоорганикӣ», бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; «Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни асосҳои генетикаи тиббӣ», бо забони тоҷикӣ; Барномаҳои таълимии фанҳои мутааллиқ ба кафедра (зиёда аз 17 барнома). Ҳамчунин «Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демографии он» ва китоби дарсӣ аз фанни «Асосҳои дониши экологӣ» дар арафаи чоп мебошанд.