Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби шарқ

Нигариданд: 2772

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТАВОНБАХШИИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ
БО КУРСИ ТИББИ ШАРҚ"
ҒОИБОВ Амонулло


(тав. 4.1.1953, деҳаи Ключевка, вилояти Кокчетави Ҷумҳурии Қазоқистон), доктори илми тиб (2006), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1979). Фаъолияти кориашро чун ординатори шуъбаи ҷарроҳияи беморхонаи вилоятии № 2 ш. Кӯлоб (1980–83) оғоз намуда, то соли 1993 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи муассисаҳои тиббӣ-профилактикии ш. Кӯлоб кор кардааст. Корманди Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–99), сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999– 2005), котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои ВНМИ/АҒНМИ, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005–09), муовини сардори Хадамоти давлатии ташхи- си тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009–10), директори Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон (аз 2010), ҳамзамон мудири кафедраи тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоии Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ. Оид ба хусусиятҳои раванди болинии оқибатҳои шадиди ҷарроҳияи бемориҳои захми меъда ва таъсири омилҳои метеорологӣ ва гелиофизикӣ ба инкишофи онҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 100 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 4 дастури илмию методӣ, як китоби дарсӣ дорад. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), медали «Хизмати шоиста» (2003) сарфароз гардидааст. Ос.: Таджикистан в зеркале медико-демографических процессов и общественного здоровья на постсоветском пространстве (ҳаммуаллиф). Д., 2007; Демографические процессы и здоровье населения Республики Таджикистан. Олмон, 2013.

Кафедра. Соли 2011 бо номи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ» ташкил карда шудааст. Соли 2012 дар натиҷаи муттаҳид карда шудан ба кафедраи «Тибби шарқ» номи ҳозираашро гирифт. Заминаи таълимии кафедра дар МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев, 270) ҷой гирифтааст. Кафедра дорои 18,4 воҳиди корӣ буда, тибқи ҷадвали воҳидҳои Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷудо шудааст. Аз ҳисоби умумии воҳидҳои корӣ 13 воҳиди корӣ банд мебошад. Дар заминаи кафедра 5 нафар мутахассисони МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» тариқи ҳамкорӣ фаъолият менамоянд. Ҳайати омӯзгорони кафедра 12 нафар, аз ҷумла мудир, 10 нафар омӯзгор ва як нафар лаборант: Ғоибов А. Ғ. – мудири кафедра, доктори илмҳои тиб, профессор, директори МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»; Қобилова М. А. – омӯзгори фанни тибби шарқ; Ҷумъаева М. М. – омӯзгори фанни тибби шарқ; Сафаров З. М. – омӯзгори фанни «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ»; Ҳакимов С. М. – омӯзгори фанни «Тавонбахшии тибӣ-иҷтимоӣ»; Табаров И. Т. – омӯзгори фанни «Масҳ»; Соҳибова Ш. Н. – омӯзгори фанни «Масҳ»; Фатҳуллоева М. М. – омӯзгори фанҳои «Масҳ» ва «Физиотерапия»; Аюбов С. – омӯзгори фанҳои «Масҳ» ва «Физиотерапия»; Искандарова М. М. – омӯзгори фанни «Физиотерапия»; Ошурмамадова З. Н. – омӯзгори фанни «Физиотерапия »; Қаландарова Ф. Ҷ. – лаборанти кафедра. Кормандони кафедра Ғоибов А. Ғ., Муҳмудова Р., Расулова З. дар маҷаллаҳои бонуфуз 6 мақолаи илмӣ ба чоп расониданд. Мудири кафедра Ғоибов А. Ғ. китоби «Асосҳои тибби иҷтимоӣ» ва омӯзгор Маҳмудова Р. китоби «Варзиши муолиҷавӣ»-ро аз чоп баровардааст. Омӯзгор Қобилова М. А. дастури методӣ аз фанни «Физиотерапия » ва омӯзгор Ҳакимов М. С. дастурҳои таълимӣ ба мавзӯъҳои «Анатомияи одам», «Коси зан», «Масҳ» чоп кардаанд. Кормандони кафедра дар конфронсҳои илмиву амалии ҷумҳуриявӣ ва семинарҳои илмӣ-амалӣ иштирок менамоянд. Соли 2014 аз тарафи мудири кафедра Ғоибов А. Ғ. ва корманди кафедра Пулотов К. Ҷ. дастури методӣ оид ба мавзӯи «Методикаи омода ва амалӣ намудани барномаи инфиродии тавонбахшӣ» аз чоп бароварда шуд. Аввали соли 2015 устоди кафедра Сафаров З. М. ва муовини директори Коллеҷи ноҳияи Рӯдакӣ Ашурова Н. С. дастури методӣ дар мавзӯи «Такмили кори ташкилӣ-методӣ дар системаи ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ оид ба пешгирӣ ва паст кардани сатҳи маъюбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба табъ расониданд. Мутобиқи нақша кормандони кафедра якҷоя бо кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тавонбахшии маъюбон дар мавзӯъҳои зерин конфронсу семинарҳои илмӣ-амалӣ ташкил карданд: «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ – асоси пешгирии маъюбӣ» (Кӯлоб, 2013); «Эпидемиологияи бемориҳои ғайрисироятӣ ва тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, 2014); «Об манбаи ҳаёт ва солимӣ» (Душанбе, 2014); «Солимии аҳолӣ ва пешгирии маъюбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ш. Турсунзода, 2014); «Нақши тибби ғайрианъанавӣ дар солимгардонии аҳолӣ ва пешгирии маъюбӣ» (ш. Қӯрғонтеппа, 2015); «Нақши тибби ғайрианъанавӣ дар солимгардонии аҳолӣ ва пешгирии маъюбӣ» (Хоруғ, 2015) ва ғ. Кафедра ба ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дар ин радиф ҳамасола конфронсҳои илмии донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои гуногун, ба мисоли «Ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон: баҳодиҳӣ ва роҳҳои такмили он», конфронси «Забон – поя ва симои миллат аст» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, «Рустаниҳои донагӣ ва таъсири табобатии онҳо бо ҷинсияти инсон», «Моддаҳои иловагии ғизоӣ» ва «Безоарҳо», «Рӯзи Байналмиллалии нест кардани хушунат бар занҳо», «Худро муҳофиҳат намо, пагоҳ дер мешавад», «Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи ВНМО» ва ғ. баргузор карда шуданд. Аз тарафи устодони кафедра мунтазам дарсҳои тарбиявӣ оид ба мавзӯъҳои «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Муносибати байни зан ва мард, дар оила ва ҷамъият», «23 феврал – Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «8 март – иди Модарон», «Оилаи солим – ҷомеаи солим» ва ғ. гузаронида шудаанд.