Стоматология

Нигариданд: 1830

МУДИРИ КАФЕДРАИ "СТОМАТОЛОГИЯ"
ХОЛОВ Шарифҷон Фатҳудинович


(тав. 5.1.1967, ноҳияи Ҳамадонӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Аз соли 1992 дар клиникаҳои гуногуни стоматологӣ фаъолият намудааст. Айни ҳол (аз соли 2011) дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамчун ассистенти кафедраи стоматология фаъолият дорад.



Кафедра. Соли 2007 ташкил карда шудааст. Солҳои 2007–09 мудири кафедра Розиев И. У. буд. Ин вазифаро аз соли 2009 -2015 Абдулҳақов Ҳ. А. ба уҳда дошт. Аз 2015 Абдуллоев И. ба уҳда дорад. Кафедра мувофиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарият амал намуда, дар самти фаъолияти худ мақсад гузоштааст, ки савияи донишу ҷаҳонбинии донишҷӯёнро инкишоф дода, сифати таълиму тарбияро хуб ба роҳ монад. Дар кафедра фанҳои «Анатомия, физиология ва биомеханикаи системаи дандонӣ-ҷоғӣ», «Масолеҳшиносӣ», «Техникаи сохтани протезҳои муқимӣ ва ғайримуқимӣ», «Техникаи сохтани протезҳои бюгелӣ», «Техникаи сохтани конструксияи ортодонтӣ бирои кӯдакон», «Техникаи сохтани протезҳои ҷоғу рӯй», «Бемориҳои дандон» ва «Бемориҳои стоматологӣ бо асосҳои нигоҳдории тандурустӣ» таълим дода мешаванд. Устодони кафедра 15 нафар, аз ҷумла омӯзгорони асосӣ – 14 нафар ва омӯзгори ҳамкор 1 нафар мебошанд. Аз ҷониби кормандони кафедра китоби «Техникаи сохтани протезҳои муқимӣ» нашр карда шудааст. Китобҳои «Анатомия, физиология ва биомеомеханикаи дандонӣ-ҷоғӣ» ва «Техникаи сохтани протезҳои бюгелӣ» омодаи чоп мебошанд.