Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Ба Довталабон

Диққат! Диққат! Диққат!

Ба таваҷҷуҳи довталабони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» расонида мешавад, ки нафароне, ки ба озмуни тақсимоти довталабон роҳ ёфтаанд, бояд то санаи 5-уми август, соати 17:00 ба комиссияи қабули «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Камонгарон – 3 ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намоянд. Дар ҳолати то санаи зикргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷат ва номнавис нагаштан, довталаби аз озмун гузашта ҳамчун нафари ҳозирнашуда ҳисобида шуда, ҷойи аз ин ҳисоб холимонда ба озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешавад.

Хамчунин довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти аввал роҳ ёфтаву бо сабаби узрнок (беморӣ, таваллуди фарзанд ва ғайра) имкони шахсан пешниҳод кардани ҳуҷҷатро надоранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда волидайн ё шахсони наздик метавонанд дастрас намоянд.

Довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаву бе  сабабҳои узрнок ба комиссияи қабул ҳозир намешаванд, ҳуқуқи ба озмуни тақсимоти такрорӣ ширкат варзиданро надоранд.

Довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаву ба ягон интихобашон нагузаштаанд, дар давраи аз 11 то 14-уми август метавонанд ба марказҳои бақайдгирӣ аз нав муроҷиат карда, дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд.

Довталабон вазифадоранд ба комиссияи «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо сару либоси расмӣ хозир шуда, нафарони тариқи шартномавӣ дохилшуда маблағи таҳсилро бояд пардохт намоянд.

 

Телефонҳо барои тамос:

+992 (933)-10-70-13

+992 (900)-00-09-40

+992 (372) 39-89-49

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.