КОРИ ТИББӢ — ОФИЯТӢ
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ доир ба варзиши муолиҷавӣ ва физиотерапия” дода мешавад. Чунин мутахассисон метавонанд дар муассисаҳои табобатӣ -пешгирикунанда, марказҳои саломатӣ, марказҳои гуногуни солимгардонӣ, барқарорсозӣ, офиятӣ, осоишгоҳҳо, сиҳатгоҳҳо, хонаи маъюбону пиронсолон, хонаи кӯдакон, муассисаҳои томактабӣ, инчунин ба таври инфиродӣ, мустақилона фаъолият намоянд.