ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Ш.АШУРИЁН, БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Муҳтарам устодон ва донишҷёни азиз!

Наврӯзро дар ҷаҳон беш аз ним миллиард одамон ҷашн мегиранд. Наврӯз унвони ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудааст, ки пирӯзии миллати тоҷик мебошад. Зодгоҳи Наврӯз Ориёистон будааст, ки сокинони он аҷдодони мо мебошанд. Наврӯз ҳамчун ғолибияти рӯшнои бар торикӣ ва бедор шудани табиат буда, аз шукуфтани гулҳо ва сабзапӯш шудани талу теппа оѓоз меёбад.

Дар айёми Наврӯзи кас ба фазои беинтиҳо пар мекушояд, бо гулу гиёҳҳо сухан мегӯяд, гӯё аз нав зинда мешавад. Наврӯз як омили бунёди дилҳои ошиқ, фарҳанги сулҳ, гуфтугӯ, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ буда, нерӯву иқтидор меафзояд. 

Фасли гулпӯшу иди гулрези имсолаи Наврӯзро бо ҳам дар замоне истиқбол дорем, ки мардум осоишта кор ва зиндагӣ доранд. Аз ин ру мебояд ҳар кадоме аз мо хештанро ба ҳайси соҳибватан эҳсос бисозему соҳиб мулк бояд бишморем.

Бӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,

Рӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар.

Ҳама дар пираҳани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст,

Исми ҳар бахтталаб Наврӯз аст.

Фасли армоншикани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ буда, тибқи солшумории мелодӣ ба 21 уми март рост меояд. Зеро, ки тибқи низоми ҳаракати сайёраҳо дар ин рӯз шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон оғоз меёбад.

Дар бораи Наврӯз нақлу ривояту маълумоти хеле зиёд мавҷуданд, ки онҳо барои равшан кардани пайдоиш, моҳият,ҷашнгирии ин иди бузург ҳамчун манба ва сарчашмаи муҳим барои насли имруза хизмат менамояд. Дар ин маврид Абӯрайхони Берунӣ, донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» Наврӯзро «Пешонии Соли Нав» номида онро ҷашни мардуми фархундафол, кишоварзону аҳли ҳунар ва соҳибдилон номидааст.

Қадимтарин манбаи таърихӣ, ки аз иди Наврӯз мужда мерасонад, ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Ҷашни Наврӯз таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ,“Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хаём омадааст, ки пайдоиши ин ид ба давраи шоҳигарии Ҷамшед рост меояд. Шоҳ Ҷамшед ё ин, ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудааст. Падидаҳои ҷашни Наврӯз дар “Шоҳнома” ин гуна омадааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯйи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нурронӣ шуд, мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза,рӯзи нахустин, аввалин рӯзҳои сол,яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.  Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои форситабор,балки дар сарзаминҳое ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаҳои пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳангии мо баҳравар шудаанд, зеро Наврӯз натанҳо ивазшавии шабу рӯз аст, балки он ба ҳам омадани фарҳанги байни миллатҳо мебошад.

Ҳамаи Шумо, донишҷӯён ва кормандони Колеҷ ва дар симои Шумо тамоми мардуми ориёинажодро бо рузи Наврӯз табрик намуда, ба Шумо сиҳатию саломатӣ, соли нек ва бурдбориҳои беназирро таманно менамоям.

Бори дигар Наврӯзатон пирӯз бод, Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Саломату сарбаланд бошед!

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3