ТЕХНИКА ВА ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ

Факулта. Соли 2005 таъсис ёфтааст. Ба хатмкардагони факулта тахассуси техники тиббӣ дода мешавад. Вазифаи онҳо насб, таъмиру хизматрасонӣ ба техника ва таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои «Маркази таъмири техникаи тиббӣ», дармонгоҳу бемористонҳо, марказҳои гуногуни илмӣ-истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Дар факулта 40 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Соли 2014 факултаро 10 нафар хатм намуданд.

Муфассал...

КОРҲОИ ТИББӢ-ПРОФИЛАКТИКӢ

Факулта. Дар асоси Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) политехникум бо шуъбаи тайёрӣ ва дигар шуъбаҳои беҳдошт, санитария, эпидемиология ва ғ. таъсис дода шуд. Соли 1936 бо фармони Комиссариати халқии тандурустӣ Политехникуми тиббӣ ба Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдтар ба Омӯзишгоҳи тиббӣ табдил дода шуд. Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 марти соли 1999 таҳти №100 ва фармони Вазорати тандурустии ҶТ аз 14 апрели соли 1999 таҳти №141 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба Коллеҷи тиббӣ табдил ёфт. Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2006 таҳти №527 Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе Муассисаи давлатии Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ номгузорӣ шуд. Аз давраи истиқлолият роҳбарии факултаро н.и.т. Муминов Ҷ. С., Мамадҷонова М. М., Қурбонов Н. Т. ва Шарипов Х. ба уҳда доштанд. Дар солҳои мавҷудият факулта барои соҳаи беҳдошт мутахассис тайёр мекунад. Дар факулта 130 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Муфассал...

КОРИ ҲАМШИРАГӢ (БАХШИ ШАБОНА)

Факулта. Бахши шабона. Бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 августи соли 2008 таҳти №1519 таъсис ёфтааст. Мақсади ташкил намудани факулта аз ҳисоби кормандоне, ки дар муассисаҳои тиббӣ кор мекунанд тайр намудани ҳамшираҳои шафқат буд. Солҳои аввал роҳбари факулта мудири кафедраи тибби оилавӣ, н.и.т. Азизов З. А. буд. Аз соли 2010 роҳбарии факулта ба уҳдаи Ҳайдаров Ф. А. гузошта шуд. Аз 15 ноябри 2012 роҳбари факулта Давлатов А. Т. мебошад. Донишҷӯёни факулта дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилу озмунҳо, корҳои ободонӣ ва спартакиадаю олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд. Масалан, донишҷӯи шуъба Ҷобирова Зебо Шералиевна соли 2013 дар олимпиада аз фанни забон дар байни факултаҳои дигар ҷойи аввалро сазовор гашт.

Муфассал...

КОРИ ҲАМШИРАГӢ

Факулта. Бахши рӯзона, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1950 ташкил шудааст. Роҳбарии факултаро солҳои 1993–2001 н.и.т. Муминов Ҷ. С. ва солҳои 2008–09 Мамадҷонова М. М. ба уҳда доштанд. Факулта бо тамоми беморхонаю дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе робитаи зич дорад. Донишҷӯёни факулта дар беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе, инчунин беморхонаҳои ноҳиявӣ таҷриба меомӯзанд. Онҳо дар тамоми чорабиниҳои дохилӣ ва берун аз коллеҷ ширкат доранд, дар олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунанд. Донишҷӯёни бахши 3-юм Марҷонаи Абдуманон ва Мирзомаҳмудзода Ситора дар Олимпиадаи тахассусии ҷумҳуриявии байни коллеҷҳои тиббӣ, ки моҳи майи соли 2014 дар Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд баргузор гашт, сазовори ҷойи якум ва сеюм шуданд. Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз шуъбаро 7053 нафар хатм кардаанд. Феълан дар шуъба 745 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд (369 нафар шартномавӣ ва 376 нафар буҷавӣ). Дар шуъбаи рӯзона 87 нафар писарон ва 658 духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Муфассал...

КОРИ ТИББӢ-ТАШХИСӢ

Факулта. Дар асоси қарори Шӯрои комиссарони халқии РСС Тоҷикистон аз 25 августи соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе), Политехникум бо шуъбаи тайёрӣ ва дар назди он, дар қатори дигар шуъбаҳо, шуъбаи «Лабораторӣ» таъсис дода шуд. Солҳо сипарӣ мешуданд. Ҷумҳурӣ тараққӣ мекард ва талабот ба мутахассисони миёнаи соҳаи тиб меафзуд. Факултаи мазкур низ рушд меёфт. Имрӯзҳо факулта дар алоҳидагӣ фаъолият менамояд ва якҷоя бо кафедраи «Ташхиси лабораторӣ» барои омодасозии мутахассисони баландпоя – лаборантҳо саҳмгузор мебошад. Хатмкардагони факулта на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи он низ кор мекунанд. Ба донишҷӯён устодони варзидаи соҳа – Ширшова А. М. ва Шамсиддинова Н. М., ки зиёда аз 35-50 сол дар ҳамин таълимгоҳ собиқаи корӣ доранд, дарс мегузаронанд. Деканҳои факулта дар даврони истиқлол – Муминов Ҷ. С., Мамадҷонова М. М., Қурбонов Н. Т., Шарипов Х. Ш. ва Саидов С. О. Дар солҳои мавҷудияти факулта зиёда аз 4000 нафар лаборантҳо омода карда шудаанд.

Муфассал...

КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ БАХШИ ШАБОНА

Факултаи бахши шабона. Соли 2008 дар асоси «Илова ба зами- маи иҷозатномаи АУ №0000396» бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №1519 ташкил карда шудааст. Фаъолияти факулта зери шиори амалигардонии «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2008, №512 тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад. Шумораи донишҷӯёни факулта: Курси 1 – 186 нафар, аз он ҷумла 76 нафар духтар ва 110 нафар писар; Курси 2 – 214 нафар, аз он ҷумла 89 нафар духтар ва 125 нафар писар; Курси 3 – 188 нафар, аз он ҷумла 69 нафар духтар ва 119 нафар писар. Ҳамагӣ дар се бахши факулта 588 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 234 нафар духтарон ва 354 нафар писарон таҳсил менамоянд.

Муфассал...

КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ

Факулта. бахши рӯзона. Соли 1935 бо номи шуъбаи дорусозӣ дар назди Политехникуми ш. Душанбе ташкил карда шуда- аст. Соли 1938 хатми якуми дорусозон ба вуқӯъ пайваст, ки 4 нафар- ро ташкил медод. Феълан факултаи кори фарматсевтии бахши рӯзона алоҳида фаъолият менамояд. Соли 2007 кафедраи фарматсия низ таш- кил карда шуд, ки соли 2012 ба ду кафедра – «Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия» ва «Фармакогнозия ва кимиёи фар- матсевтӣ» ҷудо карда шуд. Дар солҳои мавҷудияти факулта мутахас- сисони зиёди соҳаи дорусозӣ омода карда шудаанд. Айни ҳол дар факулта 648 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Фаъолияти факул- та тибқи нақшаи кории коллеҷ ба роҳ монда шудааст. Дар факулта мунтазам баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тар- бия чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, озмунҳои адабӣ-фарҳангӣ, касбӣ, викторинаҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра доир карда мешаванд. Ҳамчунин донишҷӯён дар кори ободониву сабзкорӣ фаъолона ширкат мевар- занд. Ҳамаи ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони баландтахассус мусоидат мена- мояд. Аз соли 1970 то имрӯз факултаро 2619 нафар хатм кардаанд.

Муфассал...

КОРИ МОМОДОЯГӢ

Факулта. Дар асоси Қарори Шӯрои Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон, аз 25 августи соли 1935 №1383, дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) Политехникум бо шуъбаи тайёрӣ ва дар назди он, дар қатори дигар шуъбаҳо, шуъбаи момодоягӣ таъсис дода шуд. Соли 1938 хатми якуми момодояҳо ба вуқӯъ пайваст, ки 5 нафарро ташкил медод. Солҳо сипарӣ мешуданд ва дар ҷумҳурӣ та- лабот ба мутахассисони миёнаи соҳаи тиб меафзуд. То соли 1996 муддати таҳсил дар факулта 2 солу 6 моҳ буд. Аз соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати таҳсил дар факулта 4 сол муқаррар карда шуд. Феълан алоҳида фаъолият менамояд. Сарварони факулта дар даврони истиқлол Ясинов Р. К., Мамадҷонова М. М., Садриддинова М. Д., Ғаниева Н. ва Зиятова С. Э. буданд. Дар тӯли фаъолияти шуъба 12134 нафар момодоя омода карда шудааст. Феълан теъдоди донишҷӯён дар факулта 1070 нафар аст. Фаъолияти факулта ба амалигардонии «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҶТ», Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва Оинномаи коллеҷ равона карда шудааст, ки мақсад аз он баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз он ҷумла момодояҳо мебошад. Мувофиқи нақша мунтазам рафти корҳои таълимӣ, дарсҳои назари- явӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён таҳти назорат қарор доранд.

Муфассал...

КОРИ УМУМИТИББӢ

Факулта. Соли 1935 дар назди Политехникуми навтаъсис бо номи факултаи ҳамшираи тибби муолиҷавӣ ташкил карда шудааст. Баъдан факулта номи кори муолиҷавиро гирифт. Аз соли 2001 бо номи кори умумитиббӣ фаъолият дорад. Дар тӯли солҳои сипаригашта зиёда аз 10.000 нафар факултаи мазкурро хатм намуда, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият мена- моянд. Ба хатмкунандагони факулта тахассуси ҳамшираи тибби ои- лавӣ дода мешавад. Барои тайёр намудани мутахассисон факулта бо кафедраи тиби оилавӣ ҳамкории зич дорад. Дар давраи соҳибистиқло- лии ҷумҳурӣ ба факулта Носиров С. Н., Мамадҷонова М. М., Ҳаитов А. Х., Хуррамов М. К., Акрамов Р. Б., Саидов С. О ва Қаюмов Ф. Ҷ. роҳбарӣ кардаанд. Теъдоди донишҷӯёни факулта 1051 нафар аст.

Муфассал...

КОРИ ДАНДОНСОЗӢ

Факулта. Соли 1935 бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) Политехникум ва дар он дар қатори дигар шуъбаҳо, шуъбаи дандонсозӣ низ таъсис дода шуд. Шуъбаро соли 1938 якумин дандонсозон хатм намуданд. Феълан факулта дар алоҳидагӣ фаъолият менамояд ва дар ҳайати он кафедраи стоматология низ ташкил карда шудааст, ки барои омодасозии мутахассисони соҳаи дандонсозӣ саҳмгузор мебошад. Ба хатмкардагон тахассуси «техники дандон» дода меша- вад ва онҳо барои фаъолият дар устохона (лаборатория)-ҳои дандон- созии муассисаҳои даҳонпизишкӣ, дандонпизишкӣ, марказҳои саломатии давлатӣ ва хусусӣ ва ғ. пешбинӣ шудаанд. Дар факулта 284 нафар донишҷӯ таҳсил дорад. Аз соли 1972 то 2015 факултаро 1066 нафар хатм кардаанд. Теъдоди хатмкардагони соли 2015 – 89 нафар.

Муфассал...

ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ НУРӢ

Факулта. Соли 2012 таҳти фармони №48/2 таъсис ёфтааст. Соли аввал ба он 26 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Феълан дар факулта 86 нафар донишҷӯ таҳсил дорад, ки 59 нафар духтарон мебошанд. Ба хатмкунандагон тахассуси «Ҳамшираи тиббӣ оид ба ташхис ва табобати нурӣ» дода мешавад. Онҳо метавонанд дар му- ассисаҳои муолиҷавӣ-пешгироӣ, марказҳои ташхисӣ-табобатӣ, мар- казҳои саратоншиносӣ, шуъбаҳои бемориҳои онкологӣ, шуъбаҳои ташхис ва табобати нурӣ, кабинетҳои ташхиси рентгенӣ, марказҳои мубориза алайҳи бемориҳои сил ва саратонӣ, марказҳои саломатӣ ва ғ. фаъолият намоянд.

Муфассал...

ТАВОНБАХШИИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ

Факулта. Соли 2011 таҳти фармони №55/1 таъсис ёфтааст. Соли аввал ба он 45 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Соли 2014 бори аввал 35 нафар донишҷӯ факултаро хатм намуд, 3 нафар духтарон соҳиби дипломи аъло гаштанд. Соли 2015 шуъбаи «Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ»-ро 56 нафар ба итмом расониданд, 3 нафар духтарон соҳиби дипломи аъло гаштанд. Феълан шумораи донишҷӯёни факулта ба 171 нафар расидааст, ки 161 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ба хатмкардагон тахассуси «Ҳамшираи тиббӣ оид ба масҳ, варзиши муолиҷавӣ ва физиотерапия» дода мешавад. Онҳо метавонанд дар тамоми муассисаҳои муолиҷавӣ-пешгироӣ, марказҳои саломатӣ, марказҳои гуногуни солимгардонӣ, барқарор- созӣ, офиятӣ, осоишгоҳҳо, сиҳатгоҳҳо, хонаи маъюбону пиронсо- лон, хонаи кӯдакон, муассисаҳои томактабӣ, инчунин ба таври инфиродӣ мустақилона фаъолият намоянд.

Муфассал...