ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ҶАМЪОВАРӢ
ВА КОРКАРДИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ

ХОЛБОБОЕВ Масудин

(тав. 20.11.1951, ноҳияи Шӯрообод). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи фарҳанги ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ; 1974). Хизмат дар сафи Қӯшунҳои флоти баҳрии ИҶШС (1971– 1973), директори Хонаи маданияти шаҳри Турсунзода (1974–1975), солисти ансамбли Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1975) ва Ансамбли давлатии рақсии «Лола» (1975–77), мудири китобхонаи мактаб дар ноҳияи Шӯрообод (1977–79), корманди Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев (1979–1980), солисти ансамбли Қасри маданияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (1980–2004), муовини директори Маркази тибби халқии ҷумҳуриявӣ (2004–13) буд. Солҳои 2008–2009 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию табобатии «Тибби халқии Шарқ»-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси шашмоҳаи «Гиёҳшиносӣ»-ро хатм намудааст. Аз соли 2013 директори маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
Cентябри соли 2013 дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ташкил карда шудааст. Дар марказ директор ва 2 нафар лаборант кор мекунанд. Марказ аз оғози таъсисёбӣ корҳои зеринро иҷро намудааст: аз Хадамоти назорати давлатии фаъолиятии фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7 намуд гиёҳи шифобахш гирифтани шиносномаи таҳлилӣ; харидорӣ кардани қуттиҳои коғазӣ барои 10 намуд гиёҳи шифобахш, чунончи, барои кокутӣ – 3170 дона, чойкахак – 3170, пудина – 3170, газна – 1500, татум – 1500 дона, бобуна – 1500 дона, хуч – 1500 дона, барги зуф – 1500 дона ва ғ. То имрӯз 5805 қуттӣ гиёҳчой бароварда ва ба 20 нуқтаи фурӯши дорухонаҳо ва клиникаҳои шаҳри Душанбе тақсим карда шудааст. Марказ ҳар сол аз хоҷагии ҷангали Ромит 500 кг гиёҳи шифобахш харидорӣ мекунад. Дар марказ донишҷӯёни гурӯҳҳои 301–315 таҷриба меомӯзанд.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3