Яке аз зерсохторҳои асосии коллеҷ. Дар шуъба 3 воҳиди корӣ амал мекунад: сардори шуъба – Икромова С. (аз соли 2012), нозири шуъба – Ошурбекова Б. (аз 2015) ва мутахассиси шуъба – Нақимов Ф. (аз 2015). Дар коллеҷ ҳамагӣ 337 нафар коргари асосӣ фаъолият менамояд, аз он ҷумла 35 нафар ҳайати роҳбарикунанда, 238 нафар омӯзгоро- ни асосӣ (82,6%) ва 50 нафар омӯзгорони ҳамкор (17,4%). Занҳо дар коллеҷ 158 нафар (54,9%), омӯзгорони асосии зан 126 нафар (43,7%), омӯзгорони ҳамкор 32 нафар (11,1%) мебошанд. Дар коллеҷ 3 нафар доктор ва 14 нафар номзади илми тиб, 1 нафар номзади илми фалсафа, 50 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 36 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум ва 30 нафар дорои тахассуси дараҷаи дуюм фаъолият доранд. Омӯзгорони бе дараҷаи тахассусӣ 58 нафарро ташкил медиҳанд. Аз омӯзгорони дорои унвони илмӣ 2 нафар профессор мебошанд. Шумораи кормандони хоҷагӣ – 115 нафар. Дар коллеҷ оид ба устувор намудани заминаи кадрӣ фаъолона кор бурда мешавад. Кормандони шуъба ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо, парвандаҳои шахсӣ, дафтарчаҳои меҳнатӣ, фармонҳо, сари вақт ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар намудани кормандон, гузаронидани аттестатсияи ҳайати кормандону омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Шумораи умумии кормандоне, ки бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд: Аълочиёни маориф – 12 нафар; Аълочии тандурустии ҶТ – 19 нафар; дорандагони Ифтихорномаи Вазорати тандурусти ҶТ – 7 нафар; дорандагони Ифтихорномаи Маорифи ҶТ – 2 нафар; дорандагони Медали Хизмати Шоиста – 2 нафар; дорандаи Ордени Генри – 1 нафар; Дорандаи медали Теодор Билрот – 1 нафар (Ассосиатсияи олимони Аврупо – с. 2012); дорандаи медали Роберт Кох – 1 нафар; аъзои Академияи тиббӣ-техникии ФР – 1 нафар; аъзои Ассотсиатсияи табибони Аврупо (EVROMEDICA) – 1 нафар; аъзои Ассотсиатсияи Аврупо-Осиё – 1 нафар; Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар. Ҳайати омӯзгорон ва кормандони коллеҷ аз аттестатсияи дохилитаълимгоҳӣ гузаронида мешаванд.