Маъмурият

ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
"КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"

АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода


(тав. 12.5.1980, ш. Душанбе), номзади илми тиб (2014), Аълочии тандурустии ҶТ (2013). хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2002). Духтури бемориҳои дарунӣ дар Маркази саломатии №9 ш. Душанбе (2002‒07), мутахассиси пешбари раёсати захираҳои кадрӣ ва илм, сармутахассиси раё сати илм ва таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, сардори шуъбаи кадрҳои раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии тоҷи кистон (2007‒15) буд. Аз моҳи майи соли 2015 директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.


 

 

 

 


 

МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

САИДОВА Мавҷуда Мирзошарифовна


(тав. 9.7.1972, ш. Душанбе), муҳандис-технолог. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1994). Фаъолияти кории худро соли 1994 дар Комбинати равғани шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳандис-технолог оғоз намуда, тӯли 16 сол дар ин вазифа фаъолият намудааст. Баъдан мутахас сиси шуъбаи кадрҳо (2010‒13), сардори шуъбаи коргузорӣ, назорат ва корҳои махсус (2013‒14), мутахассиси шуъбаи кадрҳои Вазорати тандуру стӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014‒15) буд. Аз моҳи майи соли 2015 ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Бо ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст (2013).


 

 МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ТАЪЛИМИ-АМАЛӢ

ДАВЛАТЗОДА Аслам Давлат

(тав.  25.03.1971, ноҳияи  Ҳамадонӣ).  Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017).  Хатмкардаи факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999).  Аспиранти кафедраи “Таълими асосњои беморињои дарунї” ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2019) Аз соли 1999 то 2000 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломӣ кормандони тиббӣ Тоҷикистон дар бахши интернатура аз рӯи ихтисосӣ “Эҳё ва беҳискукнӣ” таҳсил намудааст. Аз соли 2001 то соли 2008 ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Муассисаи давлатии таълимии  “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” фаъолият намудааст.  Аз соли 2008 то соли 2019  декани факултети  “Кори фарматсевтӣ”-и  Муассисаи давлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ”  фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2019 муовини директор оид ба таълими-амалии  Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият намуда истодааст.


 

МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ИЛМӢ – МЕТОДӢ,
ИНОВАТСИЯ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

МУМИНЗОДА Ҷумахон Саидюсуф

тав. 1962), номзади илмҳои тиб (2006). Хатмкардаи Институти давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино (ДДТТ 1985). Баъди таҳсил дар интернатура бо ихтисоси духтури бемориҳои сироятӣ (1985–86) фаъолияташро дар Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (ҳозира Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ) идома дода, сараввал омӯзгор буд, сипас дар вазифаҳои: Раиси иттифоқи касабаи донишҷуён (солҳои 1987 - 2005) мудири шуъбаи кори ҳамширагӣ, услубшиноси шуъбаи таълимӣ методӣ, мудири шуъбаҳои кори умумитиббӣ, кори ҳамширагӣ, кори лабораторӣ, беҳдошт, санитария ва эпидемиология, мудири кафедраи фанҳои тиббӣ биологӣ,(2006 -2009сс.) муовини директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ коркардааст (1986–2014). Аз моҳи августи соли 2014 то моҳи августи 2018 дар вазифаи директори Коллеҷи ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2018 то моҳи январи соли 2020 ба ҳайси Сардори шуъбаи илмӣ – методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ адои вазифа намудааст. Аз январи соли 2020 инҷониб дар вазифаи муовини директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид корҳои илмӣ – методӣ, иноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ кор намуда истодааст. Ҳамчунин дар Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии ш. Душанбе ба ҳайси духтури муолиҷавӣ (1986–1994) фаъолият дошт. Оид ба бемории вараҷа, зардпарвин, бемориҳои сироятӣ ва парастории онҳо ва беморони гирифтори Ҳеликобактериоз пажӯҳиш анҷом додааст.Муаллифи беш аз 32 таълифот. Аз ҷумла китобҳои дарсии Бемориҳои сироятӣ ва парастории беморон»,«Бемориҳои сироятии бачагона ва парастории беморон» (ҳаммуаллиф), «Маҷмӯи лексияҳо оиди физикаи тиббӣ-биологӣ», «Маҷмӯи лексияҳо оиди микробиология ва асосҳои вогиришиносӣ», «Маҷмӯи лексияҳо оид ба биология ва асосҳои генетикаи тиббӣ»,«Маҷмӯи лексияҳо оид ба асосҳои экология» ва ғ. «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» (1995), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004).


 

МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ МАЪМУРӢ  ВА ХОҶАГӢ

МАМУРЗОДА Диловар Мамур 

(тав. 12.8.1987, ш. Истаравшан), иқтисоддон. Хатмкардаи факултаи молия ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2015). Фаъолияти кориашро аз соҳибкорӣ оғоз намудааст. Аз моҳи майи соли 2015 ба ҳайси му-дири бахши хоҷагии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Аз соли 2015 МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ МАЪМУРӢ  ВА ХОҶАГӢ Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ” фаъолият мекунад.


 

САРДОРИ ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

РАҲИМОВА Хуршеда Абдураҳмоновна


(тав. 27.05.1975 с., н.Восеъ), омӯзгор.Хатмкардаи ДДОТ (2013). Муаллими фанни забони русӣ ва равоншиноси гимназияи низомии ш. Душанбе (2010–2014), омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2014-2015), услубшиносӣ шуъбаи илмӣ- методӣ (2015-2017).Аз соли 2017 то инҷониб САРДОРИ ШУЪБАИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.


 

САРДОРИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

АСЛОНОВА Зулфира Анваровна


22.06 соли 1976, (ноҳияи Ашти вилояти Суғд). Хатмкардаи шуъбаи «Кори момодоягӣ» - и Омӯзишгоҳи тиббии ш.Душанбе (1997) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006). Фаъолияташро аз омўзгори фанни “Забон ва адабиёти тоҷик” – и мактаби миёнаи №34 – и шаҳри Душанбе (2004 - 2012) оғоз намудааст. Аз соли 2012 то 2015 услубшиноси шуъбаи илмӣ – методӣ ва аз соли 2015 ин ҷониб сардори шуъбаи таълим ва ҳамзамон омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад (аз 2012).