Бемориҳои сироятӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ"
БОБОХОҶАЕВА Зумратхон Сунатуллоевна


(тав. 1958), мутахассиси дараҷаи олӣ, омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1982). Муаллими фанни бемориҳои кӯдакони Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат; 1982–93), омӯзгор (1993–2014), мудири кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2014). Дар тули фаъоли- яти кориаш аз усулҳои муосири замонавии таълим истифода бурда, барои такмили дониши шогирдон маводди таълимию методӣ ва модулҳо тартиб додааст. Соли 2011 бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.


Кафедра. Соли 2002 таъсис ёфтааст. Дар заминаи Беморхонаи клиникии сироятии кӯдакон фаъолият дорад. Роҳбари аввали он доктори илми тиб Талабов М. С. буд (2002–14). Аз моҳи сентябри соли 2014 роҳбарии кафедра ба уҳдаи муаллимаи калон, дорандаи тахассуси дараҷаи олӣ Бобохоҷаева З. С. гузошта шудааст. Ҳайати кафедра аз 6 нафар омӯзгорони асосӣ ва се нафар омӯзгорони ҳамкор иборат буда, 3 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ ва 2 нафар тахассуси дараҷаи 1 мебошанд. Дар раванди фаъолияти кафедра собиқ мудири он Талабов М. С. дар якҷоягӣ бо омӯзгорони кафедра як қатор корҳои назаррасро ба субот расониданд. Аз он ҷумла, таҳия ва чоп намудани дастурҳои таълимӣ оид ба бемориҳои илтиҳобии ҷигар, бемориҳои вараҷа, домана, китоби дарсии «Бемориҳои сироятӣ ва парастории беморон» (ба забони давлатӣ), дастур ва маҷмӯаи лексияҳо аз фанни «Кори ҳамширагӣ оиди парастории кӯдакони бемориҳои сироятидошта» (ба забони давлатӣ), дастури таълимӣ аз фанни «Паразитологияи тиббӣ бо энтомология», дастури таълимӣ-методии «Малакаҳои амалӣ ва дастамалҳо ҳангоми бемориҳои сироятӣ» ва ғ. Дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби пешгироӣ ишораҳои методӣ оиди «Бемории токсокароз» ва назорати вогирии лямблиоз таҳия ва чоп карда шудааст. Кормандони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Дар кафедра машғулиятҳо бо забони давлатӣ сурат гирифта, маводи таълимӣ, модулҳо, тестҳои санҷишӣ ва имтиҳонҳо аз ҳамаи фанҳо тартиб дода шудаанд.