ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ
Табиати зебои Тоҷикистони азизамон дар ҳақиқат табобатбахш аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ҳануз аз замони ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз барои табобати беморон васеъ ва самаранок истифода бурда мешаванд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар вохӯриҳояшон бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ин нуқтаро таъкид намудаанд, ки бояд корхонаҳои коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш дар ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд. Гиёҳҳои шифобахш имрӯзҳо аксарияташон аз хориҷи кишвар дар шакли доругӣ ба ватани мо ворид карда мешаванд, ҳол он, ки дар Тоҷикистон аксарияти ин гиёҳҳо мерӯянд ва ба миқдори кофӣ мавҷуданд. Табиати зебоманзари Тоҷикистон имкон медиҳад, ки шумораи зиёди гиёҳҳои шифобахшро парвариш намоем, аз табиати зинда ҷамъ намуда онро коркарду истеҳсол намоем. Ин амал имкон медиҳад, ки мо на ин ки эҳтиёҷоти ҷумҳуриамонро бо доругиҳои гиёҳӣ қонеъ намоем, балки онҳоро метавонем ба хориҷи кишвар интиқол дода буҷаи давлатро аз ҳисоби фуруши доругиҳои рустанигӣ бою ғанӣ гардонем. Дастури Пешвои миллатро оиди ин масъала роҳбарияти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сармашқи кори худ намуда, ҳануз аз соли 2013 дар назди Коллеҷ корхонаи коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахшро ташкил намудааст. Айни замон дар маркази мазкур зиёда аз 10 номгӯи гиёҳчой аз ҷумла чойкаҳак, сўзанкаҳ, субинак, пудина, гули бобуна, чачрақӣ, татум, лупанак, барги зуф ва хуч истеҳсол карда мешавад. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши маводи доругӣ шартномаи дуҷониба баста мувофиқи дархост онҳоро бо гиёҳчойҳои ватанӣ таъмин менамояд. Имрӯзҳо қариб дар ҳама нуқтаҳои гиёҳдармонии муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриамон гиёҳчойҳои дар маркази таълимӣ-истеҳсолии Коллеҷ истеҳсолшуда мавриди истифодаи васеъ қарор доранд. Гиёҳчойҳои дар корхона истеҳсолшаванда аз ташхиси Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузашта, соҳиби сертификати сифат мебошанд. Ҳамасола дар мависими ҷамъоварии гиёҳҳо аз тарафи Коллеҷ гурӯҳи корӣ, аз ҷумлаи омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтӣ ва кормандони маркази мазкур ташкил карда мешавад ва барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла ба Сари Хосор, мавзеи Канаск, н. Шамсиддин Шоҳин, н.Варзоб ва дигар маконҳои зебоманзар сафар намуда, миқдори зиёди гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ менамоянд. Соли ҷорӣ низ дар асоси асоси Нақшаи чорабиниҳо, бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-992 тасдиқ гардидааст, супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи таълими амалӣ дар Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, як гурӯҳ иборат аз 12 нафар аз ҳисоби омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтии Коллеҷ аз 17 то 25 июли соли 2018 ба мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Аз тарафи гурӯҳ дар давоми сафар аз мавзеи Канаск теъдоди зиёди гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ карда шуд, аз ҷумла чойкаҳак ба миқдори 800 кг, кокутӣ 600 кг, чамилак 300 кг, пудина 300 кг, ҷамъ ҳамагӣ 2000кг гиёҳи шифобахш ҷамъоварӣ карда шуд. Гиёҳҳои чамъоварикардашуда ба маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” – и “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дастрас карда шуда, айни замон дар ҷараёни коркард ва истеҳсол қарор доранд. Роҳбарияти коллеҷ тасим гирифтааст, ки соли ҷорӣ кормандон ва донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтиро бо мақсади ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба дигар мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистони азизамон низ равона намояд. Ш. Ашуриён – директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, З. Азиззода – муовини директори оид ба таълим, М.Холбобоев – мудири маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифоӣ.