Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САРМО БА ФИРОР ОМАД, НАВРУЗ МУБОРАК БОД

Парвози сухан ин ҷост, гулҳои Ватан ин ҷост,
Шеърам ба шарор омад, Наврӯз муборак бод.
Аз тафти замин шодам, в-аз шамс чӣ ободам,
Сармо ба фирор омад, Наврӯз муборак бод.
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.
Қадимтарин манбаи иди Наврӯз – ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд.
Наврӯз- ҷашни соли нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ 1-уми фарфардин ё ҳамал ё 21- уми марти солшумории милодӣ фаро мерасад.Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд.
Дар гузашта ва имрӯз пеш аз омадани Наврӯз мардум ба тоза намудани хонаву дар ва гирду атроф мепардохтанд, ки ин амал ҳозир «Хонабарорӣ» унвон гирифтааст. Дар ин рӯз одамон либосу палоси хонаи худро дар Офтоб мегузоранд, дару девори худро сафед мекунанд, то ки Наврӯзро бо риоя аз қоидаҳои гигиенӣ (тозагӣ) дар сатҳи зарурӣ пешвоз бигиранд.
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад.
Дар ин меросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирии паҳлавонҳо, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешуд. Ҳамчун қоида дар ид ду намуди дастархон оро дода мешавад: Ин “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад.
Ҳафт Син ва Ҳафт Шин дар Наврӯз
Ҳафт Син. Яке аз анъанаҳои Наврӯзи ин 7 син мебошад. Ҳафт син ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:
1.Сир
2.Себ
3.Сабзӣ
Санчид
Сирко
Суманак
Сипанд
Ҳафт Шин ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:
1.Шакар
2.Шона
3.Шамъ
4.Ширини
5.Шарбат
6.Ширбиринч
7.Шир
Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Омӯзгори кафедраи Фармакология ва забони лотинӣ
Шарифова Фарзона Қиронбековна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.