Мақолаҳо МЕҲРИ ВАТАНАМ ДАР ДИЛИ ҶӮШОНИ МАН АСТ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 30, 2025 0 Ватан! Ту мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ. Ту азизтарин сарвату неъмат ҳастӣ, ки насиби мо,фарзандонат гардидаӣ.Ватан маконест, ки мо дар он ҷо чашм ба дунё кушодаем. Он сарзаминест, ки мо нахустқадамҳои худро дар рӯйи он гузоштаем, аз оби чашмасоронаш нӯшидаем, аз ҳавои софу муаттараш нафас кашидаем. Аз ин рӯ, туро чун модари азиз дӯст медорем.Ватан сарнавишту қисмати ҳар инсон аст. Агар модар моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе оннаметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст: Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мағз андар мағзи ҷони мо ҷой гирифтааст: ”Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст”. Ман ҳамчун як фарди ин кишвари озод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо назари нек менигарам. Ватани мо замини зархезу кӯҳҳои осмонбӯс буда, мардуми оқилу заковатманд дорад. Зеро зодагони ин кишвар ворисони ҳақиқии Исмоили Сомониву Темурмалик, Деваштичу Восеъ, Шераку Муқаннаъ, Рӯдакиву Айнӣ ва МирзоТурсунзода мебошанд.Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки ваҳдати халқҳоро мустаҳкам намудан ва кишварро бо меҳнати софдилона обод кардан аст. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст. Мо, ҷавонон вазифадор ҳастем, ки барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон ҳамеша омода бошем.Эргашева З. М.- омӯзгори кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсияи МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. 0 Мубодила кардан