Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Сухани табрикотии директор бахшида ба Рӯзи забон ва омузгор 2018

Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни азиз!

Хурсандибахш аст, ки ду иди барои мо муқаддас, яъне Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор дар як муддат, яъне аввали моҳи октябр рост меоянд. Чи тавре, ки мегуянд “Ид бар болои ид”. Ду мафҳум – забон ва омӯзгор дар ҳақиқат муқаддасанд ва ба ҳам тавъаманд. Бузургии шахсият ва омӯзгор аз забони бурро, шево, фаҳмо муайян карда мешавад, зеро забон воситаи асосии муоширати байниҳамдигарии инсонҳо мебошад. Шоирону нависандагони тоҷик дар васфи забони тоҷикӣ ва манзалати омӯзгор шеъру суханҳои зиёд гуфтаанд. Нест шоиру нависандае, ки дар эъҷодиёти худаш ин ду мафҳуми барои зиндагии инсон зарурро инъикос накарда бошад. Ҳануз дар ашъори худ Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мақом ва манзалати омӯзгорро дар ҷомеа чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат дониста, бе хизмати ӯ аз бехирадон тира шудани рӯзгорро ҳушдор додаст: Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф – таълиму тарбияи насли наврас вогузор карда шудааст. Мо бояд донишҷӯёнро дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани забону таърихи пурғановати миллати худ, дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ тарбият намоем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст. Ин аст, ки сол аз сол ҳаҷми маоши омӯзгорон афзӯда истода, сатҳи зандагонии омӯзгорон низ баланд рафта истодааст. Имрӯзҳо тамоми ҷомеа бахусус ҷавонон ру ба илму дониш овардаанд, зеро дарк намудаанд, ки бе илму маърифат ҷомеа пеш намеравад. Ин ҳама арзишу манзалати омӯзгорро дар ҷомеа баланд мегардонад.
Забони тоҷикӣ забони бою пурғановат буда, таърихи қадима дорад. На ҳама миллат чунин шоирону нависандагони бузург, ба монанди Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Рӯдакӣ ва Айнию Турсунзода доштаанд, ки тавонистаанд тули таърих забону миллати хешро байни ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Чи тавре, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд намудаанд «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ ҷавононро мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ намуда, дар баробари ин на камтар аз се забони хориҷиро азхуд намоянд. Чунки дар замони ҷаҳонишавӣ, ки сабабгори густариши равобит ва муносибатҳои наздики халқҳо ва кишварҳо гаштааст, надонистани забонҳои хориҷӣ монеи зиёд эъҷод карда метавонад ва баръакс донистани забонҳои гуногун боиси боз ҳам рушду нумуъи кишвар хоҳад гашт. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд, ё худ ҳангоми мусофират ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад, озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Зеро шоир гуфтааст:

Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар муассисаи мо китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ намерасиданд ва донишҷӯён маҷбур буданд, ки адабиёти таълимиро бо забони русӣ дастрас намуда, азхуд намоянд. Бо шарофати истиқлолияти кишвар тули солҳои охир дар Коллеҷ оид ба ҳама фанҳои тахассусӣ китобҳои дарсӣ ва дигар адабиёти таълимӣ бо забони тоҷикӣ чи дар шакли чопӣ ва чи дар шакли электронӣ мавҷуданд. Донишҷӯёнро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода намуда, сатҳи дониши худро баланд намоянд.
Дар Коллеҷи мо кафедраи “Забони тоҷикӣ фаъолият менамояд” ва аз тарафи омӯзгорони ин кафедра пайваста маҳфилҳои гуногун вобаста ба омӯзиши забону адабиёти тоҷик ташкилу баргузор карда мешаванд, вале ин чорабиниҳоро мебояд дар оянда боз ҳам ҷоннок намуд.
Омӯзгорон чун ҳамеша воқеан рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.
Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо фармоиши директори Коллеҷ 31 нафар омӯзгорон, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас собиқаи беҳтарин доранд бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Албатта ҳамаи омӯзгорон, ки имрӯзҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд боиси таҳсину ифтихоранд ва месазад, ки донишҷӯён ба қадри заҳмати устодон расида имрӯз тамоми қувваи хешро баҳри азхуднамоии илму дониш сарф намоянд. Бешак, дар ин боб гуфтаи бузургон ба ёд меояд, ки зикраш ба маврид аст:

Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,
Шавад рӯзе, ки худ устод гардад.

Устодон ва донишҷӯёни азиз бори дигар Шуморо бо Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба Шумо умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод, дар иҷрои рисолати пуршарафи хеш муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Рӯзи забон ва иди касбии омӯзгорон муборак бошад!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.