Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025, ки рӯзҳои 17-18 ҷараён дошт ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини раиси ноҳияи Данғара, Зуҳро Ҳакимзода, роҳбарон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даври ниҳоӣ аз 85 муассиса 322 нафар иштирок намуда, аз 43 муассиса беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.
Барои мо устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки дар Олимпадаи мазкур дастаи олимпии муассиса иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихории зерин гардиданд:
1. Эралиева Дилноза Қодирҷоновна – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети физиотерапия аз фанни забони русӣ сазовори ҶОЙИ I;
2. Абдураҳмонзода Оминаи Расул – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети дандонсозӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҶОЙИ II;
3. Мирзобекова Маҳина Қиёмуддиновна – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети кори фармасевтӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҶОЙИ II;
4. Бобокалонова Сомия Далерҷоновна – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети кори ҳамширагӣ аз фанни забони русӣ сазовори ҶОЙИ ИФТИХОРӢ.
Дар ҷамъбасти олимпиада аз рӯи натиҷаи медаллҳои ба дастоварда дастаи олимпии Муассиса, сазовори ҶОЙИ АВВАЛ гардид.
Ин натиҷа аз сатҳи баланди таҳсил, муносибати масъулин ба масъалаи таълиму тарбия ва, бешубҳа, аз заҳмату роҳбарии оқилонаи директори Коллеҷ, номзади илмҳои тиб Ашуриён Ш.С. шаҳодат медиҳад. Бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, ташвиқи омӯзгорону донишҷӯён ба фаъолиятҳои дастаҳои олимпӣ ва фароҳам овардани муҳити солими таҳсил, роҳбарияти муассиса тавонист заминаи устуворе барои такомул ва парвариши истеъдодҳои ҷавон ба вуҷуд оварад.
Аҳли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса ғолибонро барои соҳиб гардидан ба дастовардҳои назаррас таҳният гуфта, ба онҳо барои фатҳи дигари қуллаҳои таълимию илмӣ муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.