Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ДОНИШҶӮПИСАРОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 18 феврали соли 2025, мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни донишҷӯписарони факултетҳо, ки аз санаи 13 то 18 феврали соли 2025 бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва “Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида буд, ҷамъаст гардид.
Бозиҳо дар фазои дӯстона ва рақобати солим сурат гирифта, дастаҳо маҳорати баланди варзишии худро намоиш доданд. Ҳар як даста барои пирӯзӣ талош намуда, бо ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи варзишӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар бозии ниҳоӣ, дастаи донишҷӯписарони факултети кори фарматсевтӣ бо дастаи донишҷӯписарони факултети кори дандонсозӣ рақобат намуданд.Дар натиҷа, дастаи донишҷӯписарони факултети кори дандонсозӣ ғалаба ба даст оварда, ҷойи аввалро соҳиб шуданд. мақоми дуюмро дастаи донишҷӯписарони факултети кори фарматсевтӣ ва ҷои сеюмро дастаи донишҷӯписарони факултети кори тиббӣ–ташхисӣ ба даст оварданд.
Хотирасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои қисми тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда шуда буд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва ба ҳамин васила бедор намудани ҳисси ватандӯстии онҳо равона гардида буд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.