Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАҲДАТИ МИЛЛИ-ШУКУФОИ ВАТАН

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар баробари ҷашни Истиқлолият барои миллати мо мартаба ва манзалати баланд дорад. Ваҳдати миллӣ тавонист, ки ҳам истиқлолият ва ҳам миллати моро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад. Инро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва дар ҳама ҷо барои тақвият ва рушди он саҳмгузор бошем.

Агар ба таърих назар афканем, асри ХХ1-ро, баробари пешрафти рушди илму техника ва кашфи асрори кайҳон ва сайёраҳо, наметавон ҳамчун асри хушбативу муваффақияти инсоният ном бурд. «Асри ХХ1, на ҳамчун асри равобити ҳасанаи тамаддунҳо, сулҳу ваҳдат, васлшавии муносибатҳои дипламатию роҳи абрешим байни давлат ва фарҳангҳои гуногун аст, балки ҳамчун асри бархӯрди манфиат, маҳвкунии фарҳангҳо ва дар ниҳоят қарни фасоду мусибатборӣ башарият аст. Ба қавли ҷомеашинос Г. Спенср “ҷомеа монанди организме аст, ки аз бемории як узви он тамоми организм азият мекашад”. Чунин назарияро Саъди бузургвор ҳанӯз дар асрҳои миёна хело хуб ёдоварӣ намуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад-т рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан, ин мисраъҳои пурҳикмати Саъдӣ тамоми муносибатҳои даҳшатбори гурӯҳи террористию экстремистӣ ва давлатҳои манфиатҷӯро, ки имрӯзҳо боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва нобудшавии дастовардҳои моддию маънавии фарҳангии чандинасраи инсониятант, фарогир аст. Дар воқеъ, агар ба мазмуни ин мисраъҳои шер дуруст назар афканем, ҳар рӯз барои башарият ҳамчун рӯзи мусибату бадбахтист.

Чунин муносибат дар солҳои 90-ум асри гузашта байни миллати тоҷик рӯй дод, ки хушбахтона ин миллати тамаддунофар ва бо фарҳанги тоҷик зери роҳбари Пешвои дурбину нуктасанҷи худ чунин амали нангин ва дар назди таърих нобахшидании худро ба зудӣ дарк намуда, мардумро аз парокандагӣ ва дар зери фитнаву дасисаҳои шахсони бегонаву манфиатҷӯ наҷот дод.

Аслан вақте ки мафҳуми Ваҳдати миллӣ ба гӯш мерасад, пеш аз ҳама хизматҳои содиқонаву софдилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд,Ҳамзамон дар аввалин муроҷитаномаи худ Эмомали Раҳмон ба мардуми кишвар гуфта буд, ки “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам”. Аз ин гуфтаҳо ба таври возеҳу равшан бармеояд, ки ӯ аз рӯзҳои аввал ба хуби ин масъулиятро яъне масъулияти роҳбариро хуб дарк намуда, хизмат барои миллату давлатро қарзи виҷдонии худ мешуморид.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он рассад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ганҷина ва сарватест, ки онро танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва андешаи мусолиҳатомез ба даст овардан мумкин аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик баракати зиёде ба бор овард ва оварда истодааст.

Мудири кафедраи “Ҷарроҳия”-и
МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”
н.и.т., Давлатов Ҷ.Ҷ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.