Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-ТАҲКИМБАХШИ СУБОТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Ба истиқболи 23-юми феврал-Рӯзи Артиши миллӣ

“Ҳисси баланди масъулият дар назди таърих моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамонро ҳифз кунем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем. Мо ҳар амали некеро, ки анҷом медиҳем, барои Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем…”

Эмомалӣ  Раҳмон

Ҳамасола дар қаламрави кишвари азизи мо Тоҷикистон санаи  муҳимми таърихи яъне 23-юми феврал – Рӯзи Артиши миллӣ ҳамчун иди далерони шуҷои  Ватан эълон гардида, бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллӣ 31 сол пурра мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнини таърихӣ, яъне санаи 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфтааст, бешубҳа ҳар  яки моро барои ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар даъват менамояд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар бо як қувваю нерӯи созандаи худ барои ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар содиқона дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ хизмат менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки омили асосӣ, пойдории ҳифзи ҳимояи давлату милат Қувваҳои мусалла ба ҳисоб рафта, сафҳои он ҳар сол аз ҳисоби ҷавонони синну соли муайяни аз 18 то 27 сола пурра карда мегардад. Аз ин рӯ, мақсади асоси ҷавонони шуҷоъу далер он аст, ки ба сафи Артиши миллӣ дар руҳияи баланди худшиносии миилӣ ва меҳнатпарастӣ омодагии дифоҳи ҳарбиро аз худ намуда, аз рӯйи ташхиси тиббӣ ҷисман ва руҳан обу тоб ёфта, ба дифои ҳарбӣ омода мешаванд.

Бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди боору номус буда, онҳоро ба сӯйи адолат ва якдиливу якдигарфаҳмӣ ҳидоят менамоянд. Мусаллам аст, ки дар ҳама камиссариатҳои ҳарбии пойтахт шароити зарурии буду боши хизмат барои афсарону сарбозон муҳайё карда шудааст.

Албатта, шоистаи таҳсин аст, ки таҳти сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба сатҳу сифати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари давлат қарор дошта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат хусусан ба мақомотҳои қудратӣ бесаб набуда, дорои ин раванд аз мо шаҳрвандон масъулияти бештарро тақозо менамоянд.

Мақсади асосии ҷавонони шуҷоъу далер он аст, ки ба сафи Артиши миллӣ дар руҳияи баланди худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳимояи он доимо омода бошанд. Аз ин рӯ, “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз ин воҷибтар гуфтаанд”. Аскарони содиқи Ватан ва ҳазорҳо нафар афсару сарбозони Тоҷикистон савганди  ҳарбӣ ва қавлу қасами ҷавонмардӣ дода, ба дифои давлату миллат, истиқлолият марзу буми кишвар ба хоку оби диёр ҳамеша омода будани хешро иброз медоранд. Дар назди худ бо ҳамин  қавли ҷавонмардии хеш мақсад мегузоранд, ки барои ҳифзи ҳимояи Ватан доимо омодаву дар сафи пеш қарор гиранд. Ва насли калонсол бо дуои некашон фарзандонро  ба ҳимояи  марзу буми кишвар баҳри амну осоиши давлат равона мекунанд, ки  дар шеъри шоир бисёр зебо васф гардидааст:

Ба хизмат меравӣ озода фарзанд,

Дуоят мекунам шоду фараҳманд.

Ба ҳар ҷое равӣ, ҷоят ба ҷонам,

Ману ту як дарахти решапайванд.

Бирав, амри диёратро адо кун,

Маро бо хидмати аъло ризо кун.

Лозим ба ёдоварист, ки хизмати аъло, яъне қарзи фарзандиро иҷро намудан дар солҳои  90-уми асри гузашта барои наваскарони тоҷик душвор буд.Артиши миллӣ, ки дар сангинтарин ва сахтарин рӯзҳои халқ ва ҷумҳурӣ- феврали соли 1993 ташкил гардид, имрӯз сипари тавонои марзу буми тоҷик ба шумор меравад. Дар  зарфи се даҳсола бештар ҳазорҳо  ҷавонони Ватандӯст дар ҳифзи сарҳади Ватан чун девори қавӣ устуворӣ ва меҳанпарастии худро нишон доданд.

Ҷоннисору ҷонфидо фарзандҳо дорӣ Ватан,

Ман яке андар сафи ин ҷоннисорон зиндаам.

Вазифаи муқаддас ва рисолати мо насли имрӯза дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавонони  имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқад ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдоди худ, ҷасорат, шуҷоати далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номӯсро, ки дар симои Роҳбари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем.

Биёед, эй азизон ҷамъ бошем,

Барои якдигар чун шамъ бошем.

Ватан обод гардад, чун ба роҳаш,

Вафодору боному нанг бошем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вазъи геопалитии ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки ҳушёрӣ  ва зирракии сиёсиро аз даст надода, дар зери партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем ва дар ниҳоди насли ҷавон ҳувиятӣ миллӣ, ғурури миллӣ ва шинохти асолати миллиро комилан бедор намоем, то ки насли ҷавон  ҳамеша дар ҳимояи марзу бум, содиқ бошанд ва ҳар зарра хоки Ватанро чун  гаҳвараки чашм ҳифз намоянд.

Мо ки дар арафаи ҷашни бошукуҳи Рӯзи Артишӣ миллӣ қарор дорем ба ин муносибат, ин рӯзи мубораку таърихиро ба тамоми сарбозони кишварамон сидқан шодбош мегуем. Бигузор, доимо Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пойдору побарҷо бимонад, ва насли ҷавони мо баҳри ҳифзу амнияту суботи Тоҷикистон доимо ҳушёр бошанд.

Рузӣ Артиши миллӣ муборак, сарбозони шӯҷои Ватан.

Омӯзгори кафедраи  “Фанҳои гуманитарӣ” МДТ “Коллеҷи тиббӣ ҷумҳуриявӣ”. Акбарова Р.С.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.