Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶОЙГОҲИ ЗАНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа таҳлилу пешниҳодҳои муфид ва нақшаҳои ояндасоз ироа гардид. Аз ҷумла, дар он вобаста ба нақши занону бонувон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни

мамлакат диққати махсус дода шуд.

“Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.

Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”,- қайд намуданд Роҳбари давлат.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбарияти олии мамлакат ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии занону бонувон ва ба ин васила барои онҳо муҳайё намудани шароити кору фаъолият дар тамоми соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат диққати ҷиддӣ медиҳад.

Дар Паёми худ Пешвои миллат аз нақши муҳими занону бонувон дар соҳаҳои кишоварзию соҳибкорӣ, иқтисодӣ ва бахшҳои фаъолияти давлатӣ ёдовар гардиданд: “Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусу иқдомҳои занону бонувони кишварро ҳамеша дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад ва  дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам гардидаанд.

Занони соҳибзавқу соҳибҳунар ва болатофати тоҷик, ки имрўз як ҷузъи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, дар баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароѓи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро пуштибонӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.

Боиси сарфарозист, ки Пешвои миллат ба ҳунару истеъдод, кўшишу ѓайрат, қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорату кордонӣ ва донишу фаросати бонувони тоҷик эътимоди комил дошта, барои қадршиносии заҳмати софдилонаи онҳо ҳамеша табдирҳои амалӣ меандешанд.

Дар ҷавоб ба ин ѓамхориҳо, мо – бонувонро зарур аст, ки дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон саҳми назаррас гузорем.

Иди ҳамаи модарон ва бонувони азиз муборак бошад.

Мудири кафедраи  “Забони англисӣ”  

Раҳимова Розимоҳ Гурезовна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.