Мақолаҳо ТОҶИКИСТОНИ ҶАВОНУ ҶАВОНПАРВАР Бо admin On May 23, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавони мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳими ҷомеа ва нерӯи созандаву бунёдкор, афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомузӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоолию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд.Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст.” мефармояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќабул гаштани қонуни асосии ҷавонон-Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст.Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмонӣ ҷомеаи дамократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти асосии пешбурди ҷомеаи солим дар тамоми давру замонҳо ин қувваи асосии пешбарандаи он, ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор доштан аз марзу буми аҷдодӣ қарзи аввалиндараҷаи хонаводагӣ буда, ҳар фарзанди бо ноз дар ин руҳия тарбия намудаи хонавода, гавҳораҷумбони сиёсат ва фарҳанги миллату давлат дар оянда хоҳад гашт. Мо ва Шумо – ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бартоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон содиқона қадам мезанем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд. Имрӯз зиёда аз 13 ҳазор нафар ҷавонон дар доираи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти кишвар “Дурахшандагон” таҳсил намуда, беш аз 30 нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳи ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз соли 2005 то ба ҳол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони болаёқат, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд, “Квотаи Президентӣ” амал менамояд. Имрӯз дар муассисаҳои олии касбии кишвар зиёда аз 5 ҳазор писарону духтарон тибқи квота таҳсил намуда истодаанд.Қайд кардан зарур аст, ки ватандустӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир аҳамияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қиммат донад ва дар умум худшиносу худогоҳ бошанд. Ватандустони бонангу хурушон, Давом дода қадамҳои бузургон. Ба сарсабзии кишвар аз дилу ҷон, Тифоқона бикушанд ин ҷавонон. Шукӯҳу боварии кулли моён, Шумоед эй ҷавонон, эй ҷавонон! Санавбари Ёдгор, Ҳасанова Маҳинбону -омӯзгорони кафедраи“Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”- и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумњуриявӣ” 0 Мубодила кардан