1 – УМИ ДЕКАБР – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/АҒНМИ
1 декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти инсон, бемории Алоими ғайримодарзодии норасоии масунияти инсон (ВНМИ/АҒНМИ) қайд карда мешавад. Мақсади ин рӯз баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баҳри бори дигар ба аҳолии ҷаҳон расонидани маълумот оиди ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад. Шиори рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМИ/АҒНМИ, ки аз тарафи Созмони Байналмилалии Тандурустӣ соли 2015 – ум пешниҳод шудааст «Вусъат бахшидани чораҳо барои решакан намудани ВНМИ/АҒНМИ» мебошад. Вусъат бахшидани чорабиниҳо бар зидди сирояти норасоии масуният барои он зарур аст, ки дар давоми 10 – 15 соли наздик эпидемияи ВНМИ манъ карда шавад. Барои ин зарур аст, ки шахсони бо ВНМИ сироятёфта оиди сироят ёфтани худ тавассути тесткунонӣ маълумот дошта бошанд ва пайваста табобат гиранд.
Ин системаи масунии одамони бо ВНМИ зиндагикунандаро боқувват гардонида имконияти ба шахсони солим гузаштани онро кам менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти омории Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди АНМИ – назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то 1 – уми октябри соли 2015 шумораи шахсони бо ВНМИ зиндагикунанда 5952 нафарро ташкил медод. Дар давоми 9 моҳ 844 нафар ҳодисаҳои сироят бо ВНМИ муайян карда шудааст. Зиёда аз 60% – и сироят тавассути алоқаи ҷинсӣ ба вуқуъ пайвастааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун ташкил ва баргузор карда мешаванд, аз ҷумла ҷамъомадҳо, вохӯриҳо бо мутахассисон, маълумотҳо тавассути васоити ахбори умум, ҳафтаи тестгузаронӣ (санҷиши тестӣ барои муайян намудани сироятнокӣ) ва ғ.
Ҳамасола рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май, Рӯзи байналмилалии ёдбуди одамони аз АҒНМИ фавтида қайд карда мешавад. Рӯзи ёдбуд бо мақсади ёди нафароне, ки бар асари ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд, сарҷамъ намудани ҷамъият баҳри мубориза алайҳи ин беморӣ ва ба одамон фаҳмонидани он, ки эпидемияи АНМИ ба ҳар як шахси рӯи замин таъдид мекунад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти № 562 “Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015” тасдиқ шуда буд. Мақсади Барномаи мазкур бо ҳадафҳои рушди ҳазорсола (Ҳадафи 6) алоқаманд мебошад: то соли 2015 паст кардан ва шурӯъ намудан ба тамоюли кам намудани паҳншавии ВНМО/АҒНМИ тавассути таъмини дастрасии умумии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ.
Самтҳои асосии стратегии Бсрномаи мазкур инҳо буданд:
ü ташкил намудани заминаи ҳуқуқӣ, ки ба таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ мусоидат менамаоянд;
ü тадбиқи барномаҳои пешгирикунанда ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳо вобаста ба ВНМИ барои ҳамаи гурӯҳҳо, дар навбати аввал барои гурӯҳҳои махсусан осебпазир; гузаронидани табобати зиддиретровирусӣ, табобати бемориҳои оппортунистӣ, аз қабили бемории сил;
ü расонидани ёрии паллиативӣ, табобат ва нигоҳубини шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, муттаҳид сохтани хизматрасониҳо оид ба табобати сироятии ВНМО дар сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ, паст намудани сатҳи тамға ва баланд бардоштани сифати расонидани ёрии тиббӣ; таъмини дастгирии иҷтимоии бардоштани сифати расонидани ёрии тиббӣ; таъмини дастгирии иҷтимоии беморон; такмили системаи назорати эпидемиологӣ, арзёбӣ ва баҳодиҳии чорабиниҳои пешгирӣкунанда ва беҳтар намудани системаи назорати дидбонии эпидемиологии паҳншавии сирояти ВНМО.
Дар доираи иҷроиши мақсадҳои барнома соҳаи тандурустии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон ба як қатор комёбиҳо то имрӯз ноил гаштааст, аз ҷумла кушодашавии марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМИ/АҒНМИ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, махсусан ҷавонон оиди ин беморӣ ва ғ.
Бо мақсади беҳтар намудани стҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба бемории АҒНМИ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз тарафи кафедраи «Тибби оилавӣ» конфронси таълимии донишҷӯён дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории “Алоими ғайримодарзодии норасоии масунияти инсон” баргузор гардид. Дар ин конфронс донишҷӯён бо маърӯзаҳо оиди бемории ВНМИ/АҒНМИ баромад намуданд, инчунин саҳначаҳои ҷолиб ва видеофилм доир ба ҳаёти шахси ба беморӣ мубтало шуда намоиш дода шуд. Баъди конфронс маълум гашт, ки иштирокчиён доир ба бемории мазкур маълумоти мушаххас гирифта барои худ хулосаҳо бароварданд.
Хатари гузаштани ВНМ ба воситаи хуни донорӣ хеле баланд аст. Вале скрининги донорӣ ва биологӣ имкон медиҳад хатари сироятшавиро боз дорад.
Дар муассисаҳои тиббӣ ВНМИ метавонад аз бемор ба бемор, инчунин дар байни кормандони тиб ба воситаи хун, ба воситаи асобоҳои сироятноки тамъизнашуда, осебёбӣ бо ин гуна асбобҳо, махсусан дар ҳолатҳои фавқуллода гузарад. Истифодаи тадбирҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла дастпӯшакҳо эҳтимоли сироятнокшавиро хеле кам мекунанд.
Камбизоатӣ худ аз худ омили хатари гузаштани ВНМИ шуда наметавонад. Самараи онро мебояд дар қаринаҳои иҷтимоию эпидемиологӣ баррасӣ намуд. Камбзоатӣ аъсири худро тавассути садҳо робитаҳои мутақобила паҳн менамояд, аз ҷумла тақсимоти нобаробарии даромад, иқтисодиёти нобаробарҳуқуқ байни мардону занон, ки ба рушди тиҷорати шаҳвонӣ мусоидат менамояд, ба таври суст огоҳонидани аҳолӣ дар масъала таҳкими саломатӣ, инчунин системаи нобаробарии ҷамъиятӣ.
Ҳамин тариқ Барномаи мазкур барои солҳои 2011-2015 паст намудани сатҳи камбизоатиро яке аз мақсадҳои афзалиятнок маҳсуб медонист. Дар ин ҷода низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Соли 2015 – ум сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 фоиз паст гардид.
Мақсад ва вазифаҳои барнома:
Алоими норасоии ғайримодарзодии масунияти инсон (АҒНМИ) бемории сироятиест, ки дар асари вируси норасоии масунияти инсон (ВНМИ) ба вуҷуд меояд ва системаи масунияти одамро иллатнок месозад.
Барангезандаи беморӣ ба гурӯҳи ретровирусҳо дохил мешавад, вай дар ҳуҷайраҳои системаи масунӣ (иммунӣ) афзоиш меёбад ва боиси марги онҳо мешавад. Дар муҳити берунӣ ноустувор аст. Ҳангоми 15 дақ. дар об ҷӯшонидан мемирад, дар зери таъсири маводи дезинфексионӣ ба осонӣ тез нобуд мешавад, дар ҳарорати паст тобовар мебошад.
Дар хун, сперма, тарашшӯҳоти маҳбал, шири сина, ВНМИ қобилияти ҳаётии худро дар давоми якчанд соат нигоҳ медорад.
Манбаи ВНМИ одамони сироятнок мебошанд. Барангезанда аз одам ба одам ҳангоми алоқаи ҷинсӣ, инчунин аз модар ҳангоми ҳомиладорӣ ва зойиш ба ҷанин ва аз кӯдак ба модар ва аз модар ба кӯдак ҳангоми синамаконӣ мегузарад. Гузаштани ВНМИ – ро ҳангоми хунгузаронӣ, дастамалҳои гуногуни тиббӣ, агар қоидаҳои стерилизатсия ва истифодаи сӯзанҳо, сорангҳо, системаҳои хунгузаронӣ, тазриқҳои дохиливаридӣ, ба воситаи олотҳои ҷарроҳӣ ва стоматологӣ риоя карда нашаванд, низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Беморшавии зиёд бештар дар байни одамоне, ки ҳаёти бетартибонаи ҷинсӣ мегузаронанд, нашъамандоне, ки тазриқи дохиливаридии маводи мухаддирро бо сорангҳои умумӣ истифода мекунанд, ба назар мерасад.
Зуҳуроти клиникии сирояти ВНМИ гуногун аст, тақрибан дар нисфи сироятнокшудагон пас аз 2 – 4 ҳафта аломатҳои бемории шадиди сироятӣ пайдо мешаванд. Онҳо дар шакли таб, гулӯдард, калоншавии ғадудҳои лимфавӣ, ҷигар, талхадон, наҷосати обакӣ падидор мешаванд, дар пӯст доначаҳо пайдо мешаванд. Дар ин вақт вирус аллакай дар хун гардиш мекунад ва бо ташхиси лабораторӣ дар хун антителаи зидди ВНМИ – ро мушоҳида намудан мумкин аст. Гоҳо дар ин вақт иллатёбии системаи асаб рух медиҳад: сардард, дилбеҳузурӣ ва халалёбии шуур ба назар мерасад. Баъд даврае сар мешавад, ки аз якчанд моҳ то 3 – 5 сол давом мекунад, дар ин вақт аломатҳои шадиди беморӣ ба назар намерасад, вале калоншавии устувори ғуддаҳои лимфавӣ дида мешавад, зуд – зуд бемориҳои музмини илтиҳобӣ (гайморит, отит, нефрит, аднексит ва ғ.) шиддат меёбанд. Минбаъд, сустӣ, арақкунӣ, ҳассос будан ба сироятҳои респираторӣ ба он ҳамроҳ мешаванд, онҳо аксар вақт оризаҳои газаки шушро ба вуҷуд меоранд, ҷараёни тӯлониро касб мекунанд. Дар пӯст ва луобпардаҳо доначаҳои чиркдор ва иллатҳои замбӯруғӣ пайдо мешаванд.
Яке аз аломатҳои хоси пӯст саркомаи Капоши аст, ки намуди қирмизӣ – кабудтоб ё гиреҳҳои сиёҳчатобро дорад. Тадриҷан ҳамаи ин аломатҳо устувор гашта, вазнин мешаванд, беморӣ ба марҳилаи ниҳоӣ -АҒНМИ мегузарад. Дар ин ҳолат дар як қисм беморон пневмонияи такроршаванда, дар қисми дигари беморон исҳоли музмин ва беобшавӣ, дар гурӯҳи сеюм иллатёбии системаи асаб бо сардардҳои шадид, босуръат суст гаштани хотира, идрок, халалёбии ҳискунӣ ва инкишофёбии фалаҷ зоҳир мешавад. АҒНМИ аз якчанд моҳ то 5 сол давом мекунад ва бо марг анҷом меёбад.
Пешгирии ВНМИ дар якчанд самт сурат мегирад:
– ба таври максималӣ кам кардани миқдори ҳамхобаҳо, истифода бурдани рифолаҳо;
– мубориза бар зидди нашъамандӣ, истифодаи сӯзанҳои яккарата, сорангҳо, системаи хунгузаронӣ ва дигар асбобҳои яккарата истифода мешудагӣ, ба таври ҷиддӣ риоя кардани қоидаҳои бесироятгардонии асбобҳои тиббӣ;
– Назорати ҷиддии донорҳо (онҳоро нисбат ба сирояти ВНМИ муоина кардан), муоинаи оммавии сирояти ВНМИ, бо усулҳои анонимӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қасдан (дониста) паҳн кардани беморӣ.
Ҳомилони бештари сирояти ВНМИ, дар байни шахсони бо ҳамхобаҳои сироятнок алоқаи ҷинсӣ доштагӣ, ҳамчунин ҳангоми муоинаи анонимии ба истилоҳ нишондодҳои клиникӣ дошта ошкор карда мешаванд.
Дар кишвари мо шахсони зерин бояд ҳатман барои ошкор кардани сирояти ВНМИ муоина шаванд:
ü Донорҳои хун, хуноба (плазма) ва дигар моеоту бофтаҳои биологӣ;
ü Шаҳрвандоне, ки аз сафарҳои хизматӣ зиёда яз як моҳ давомкунанда бармегарданд, хориҷиёне, ки барои таҳсил ё кор ба мӯҳлати бештар аз 3 моҳ меоянд ва дар кишвари онҳо миқдори зиёди шахсони бо ВНМИ ё беморони АҒНМИ ба қайд гирифта шудааст;
ü Шахсони марбут ба гурӯҳи хатар (хунгузаронӣ ва компонентҳои онро бештар аз сар гузаронидаанд, беморони нашъаманд, зӯҳравӣ (венерикӣ), гомосексуалистҳо, шахсони фоҳишапеша, беморони дорои зуҳуроти клиникии сирояти ВНМИ, ҳомиладорон.
Мудири кафедраи «Тибби оилавӣ» Н.Н. Азизова