Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Вохӯрии намояндагони Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯёни “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар мавзӯъҳои муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои характери терористӣ дошта

Дар вохӯрии имрӯза ҳайати омӯзгорони донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуда аз суханронии баромадкунандаҳо ба худ мақсаду мароми тоза касб карданд. Зимни баромад маърузачиён нуқтаҳои басо ҷолиби Паёми имсолаи Пешвои миллат аз ҷумла тибб, занон, ҳуқуқ ва ҷавононро мавриди суханронӣ қарор доданд. Ҷавонон ҳамчун механизми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар мадди назари ҳукумату давлат алалхусус паёми Пешвои миллат қарор доранд. Аз ин ру дар кори вохӯрӣ ин масъала мавриди таваҷҷӯҳи маърузачиён қарор гирифт. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мутаассифона дар баробари раванди ҷаҳонишавии иттилоот ва тараққиёти фаҳмиши ҷавонон гурӯҳҳои мухолифи давлат аз ин фурсат суистифода карда аз паи майнашуии чавонон мебошанд. Вобаста ба ин ҳар як ҷавони соадатманди ин давлатро мебояд, ки аз дастоварду тараққиёти ҳаррӯзаи Ҷумҳурӣ нек истифода карда фирефтаи ин тоиф ашхоси нохалаф нагарданд.

Қайд карда шуд дар маҷлис

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.