Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ: ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БО “СИПОСНОМА” –И ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” муҳтарам Ҷабборзода Умед Убайдулло барои мусоидат намудан, ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи варзишии “Футболи хурд” байни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бахшида ба истиқболи 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи кормандони тиб  бо “Сипоснома” –и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Аҳли Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” роҳбари муассиса муҳтарам Ҷабборзода Умед Убайдуллоро ба дастоварди навбатӣ муборакбод намуда, бо рӯҳияи қавӣ, дар оянда низ дастовардҳои нав ба навро хоҳонанд. Муборакатон бошад!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.