КОНФЕРЕНСИЯИ XVI – УМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “90 – СОЛ ДАР ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ. ДАСТОВАРДҲО ВА ИМКОНИЯТҲО” БАХШИДА БА 90 – СОЛАГИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА ИСТИҚБОЛИ 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 26 декабри соли 2025 дар фазои тантанавӣ ва идона дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Конференсияи XVI – уми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “90 – сол дар ҳифзи тандурустии аҳолӣ. Дастовардҳо ва ИМКОНИЯТҲО” бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор – муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадализода Бобоҷон – сардори Раёсати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббатзода Ҷиёнхон – ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, Икромӣ Турахон Шарбат – муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Гадоев Бахшибек – проффесор, собиқ роҳбари Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Ҷабборзода Умед Убайдулло – директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Вероника Грушевская намояндаи “ВОРЛД ФИЗИО”, Раҳимова Наргис Ҳамзаевна – Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Киичӣ Кирияма – намояндаи агентии ҳамкории байналмилаллии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони коллеҷҳои тиббӣ, сохторҳои соҳавӣ, шарикони рушд, роҳбарону омӯзгорон, собиқадорони соҳа ва меҳмонони гиромӣ иштирок намуда, бо таборикоту суханрониҳои пурмуҳтаво ва самимӣ баромад карданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таълимӣ дар омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ мавқеи устуворро ишғол намуда, ба рушди устувори соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Сатҳи баланди таълим, таҷрибаи бойи омӯзгорон, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим аз дастовардҳои муҳими муассиса арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин, роҳбари муассиса Ҷабборзода У. У. баромад намуда, иштирокчиёнро ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор собиқадорон, омӯзгорону кормандон барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар рушди соҳа ва тарбияи насли ҷавони мутахассисон бо медали сари синагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, ” Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” қадрдонӣ карда шуданд.
Баъдан қисми илмӣ-амалии конференсия оғоз гардид. Дар ҷараёни ин қисм маърӯзаҳои илмӣ шунида шуда, масъалаҳои муҳим, навгониҳои илмӣ,таҷрибаи пешқадам ва роҳҳои татбиқи онҳо дар амал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда фикру пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.
Дар фарҷоми конферения натиҷагирӣ сурат гирифта, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас барои фаъолияти минбаъда қабул карда шудаанд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшида, фазои идонаро боз ҳам пурмазмун намуд.
Хулоса, чорабинии ҷашнӣ дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои таълимии муассиса ва бо орзуҳои нек барои рушди минбаъда, комёбиҳои нав ва фардои боз ҳам дурахшони Муассиса анҷом ёфт.