ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД, МИЁНИ ДАСТАҲОИ КОЛЛЕҶҲОИ ТИББИИ ҶУМҲУРӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Хабарҳо Бо admin Охирин навсозӣ May 18, 2026 0 Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бахшида ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рузи кормандони тиб мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “футболи хурд” ташкил ва баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқа, ки санаҳои 14 ва 15 майи соли 2026 ҷараён дорад, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат мекунанд.Дар кушодашавии мусобиқаи варзишӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Юсуфӣ Саломудин Ҷаббор ва Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода иштирок намуданд.Мусобиқаро муҳтарам Юсуфӣ С. Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, таъкид карданд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси сатҳи байналмилалии Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иттифоқи якдилона ҷонибдорӣ ва қабул гардида, нуфуз ва обуи давлат ва миллати тоҷикро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.Ин мусобиқаи бошукуҳи варзишӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти бештари футбол, ки дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа дорои маҳбубияти зиёд аст, мусоидат мекунад. Мусобиқаи футболи хӯрд бо иштироки 18 даста рӯзҳои 14 – 15 майи соли 2025 идома меёбад. Дар оғози мусобиқа ҷадвали бозии дастаҳо аз рӯи қуръакашии шафоф муайян гардида, дар гурӯҳҳои алоҳида барои дарёфти Ҷоми мусобиқа бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Рақобати дастаҳо дар майдончаҳои муосиру замонавии варзишии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки барои истиқболи варзишгарон хуб омода гардида буд, оғоз мегардад. Ғолибони ҷойҳои ифтихории мусобиқаи футболи хурд, байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби дастандарткорон бо медалу ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.Мавсуф дар фарҷоми сухан ба ҳама иштирокчиён мувафақияту муззафарият таманно намуданд. 0 Мубодила кардан