Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПЕШВОИ МАН – ИФТИХОРИ МАН АСТ! ЗОДРӮЗИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУБОРАК БОШАД!

Салом! Эй Пешво, марди Худодод,
Бикардӣ аз сари нав кишвар обод.
Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин
Ба он фарзонамодар, ки туро зод.

Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ,
Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ.
Ба сад азму талошу заҳмати беш
Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ.

Дар ҳама давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони бузург ва шарифи он нақши пойдор доранд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷаста замоне ба саҳнаи сиёсат ворид шуд, ки мардуми тоҷик пароканда ва кишвар дар остонаи нобудӣ қарор дошт. Бо вуҷуди ин, Президенти ҷавон, вале ҷасур дар ҳар як суханронии худ борҳо дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳарф мезаданд, ки шунидани он барои душманони халқи мо талх буд.

Қайд кардан зарур аст, ки пас аз пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурии мо мероси ночизе боқи монд ва аз ин ҳолат душманони миллат истифода бурда, бо дасти хоинони зархариди дохилӣ миёни мардум ошӯбҳо меандохтанд. Дар чунин шароит сарзании ҷанги шаҳрвандӣ ногузир буд ва ин ҳолат ҳатто сиёсатмадорони пуртаҷрибаро маҷбур месохт, ки зери хатари ҷони хеш аз мақомҳои олӣ даст кашида, дар ҳалли тақдири миллат бетарафиро интихоб намоянд.  Роҳбарии ҳукуматро касе ба дӯш намегирифт. Аз тамоми минтақаҳои диёрамон мардум муҳоҷири иҷборӣ ё ба қавле “гуреза” шуда, дар сарҳадҳои давлатҳои ҳамсоя урдугоҳҳо сохта, дар шароитҳои пасти зист умр ба сар мебурданд. Ин рӯзҳои даҳшатовар барои миллату мардуми тоҷик буд.

Барои як фарзанди фарзонаи миллат дидан аз ин ҳолат нанговар буд. Мо ҳамагон шоҳиди он суханони таърихии Пешвои бузургамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем, ки гуфта буд: “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам”. Миллати тоҷик Президенти ҷавон, вале хирадманду меҳрубонро, ки аз миёни халқ буд ва тамоми мушкилотҳои мардумро хуб дарк мекард, ба ҳайси Пешвои худ хуб пазируфтанд, зеро шоҳиди он буданд, ки ин шахсияти барӯманд бунёдкори сулҳу ваҳдат буда, халқу миллат ва ватанашро аз ҷону дил бештар дӯст медорад.

Ҳар яки мо шоҳиди он рӯзҳои мудҳиш ҳастем, ки ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш, Пешвои муаззами миллат ҷони худро дареғ надошта ба минтақаҳои ҷангзадаи ватанамон, ки таҳти идораи  қувваҳои мухолиф буданд мерафтанд. Душманон борҳо суиқасд ба ҷони ин марди бузург намуданд, вале ин нақшаҳои нопокашон амалӣ нагашт. Дар баробари ин ҳама азоб ва сахтиҳо фарзанди далеру шуҷои миллати мо аз ақидаи худ, ки асоси он муттаҳидсозии миллати парокандаи мо буд, даст намекашиданд. Билохира аввалин санги сулҳ ва ваҳдат гузошта шуд. Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб намуд. Давлати моро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пазируфтанд.

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор,
Пешво дорем, дорем ифтихор.
Бемалол аз заҳмати пайвастааш
Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор.

Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурии азизамон, яъне баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар амал татбиқ гашта истодааст.

Гарчанде мардуми мо рӯзҳои даҳшатнок ва фоҷеаборро паси сар намуда, айни ҳол ба як сатҳи хуби рушд ноил шуда бошанд ҳам, мо ҳамагӣ шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат доимо дар талоши боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти мардум ва боло бардоштани нуфузи давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд.

Мо аз кори пурсамар ва дастовардҳо дар соҳаҳои мухталифи роҳбарии Пешвои худ ба ваҷд омада, ҳамаи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвоямонро сармашқи кори худ намуда, аз он самаранок истифода мебарем.

Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи хориҷии Шумо Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷомеаи байналмилалӣ мақоми сазоворро ишғол намуда, соҳиби эҳтиром ва нуфузи бузург дар ҷаҳон гаштааст.

Имрӯз дар сарзамини тоҷик, ки таърихи пуршарафаш ҳазорсолаҳост, ба шарофати саъю кӯшишҳои бемисли Шумо даврони қудрат ва хушбахтӣ ҳукмфармост, ки он бо ҳарфҳои тиллоӣ дар солномаи навтарини давлатдории мо навишта хоҳад шуд.

Зодрӯзи Пешвои миллати мо — яке аз санаҳои муҳимест, барои мардуми тоҷик, ки Ватани худро аз таҳти дил дӯст медоранд, ба шарафи 30 — юмин солгарди Истиқлолияти муқаддас бо пирӯзиҳои аҷиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Ин санаи муҳимро, ки ба ҳаёти ҷамъиятии кишвар рӯҳияи идона мебахшад, мардуми бумӣ дӯстона ва бо шукӯҳи хос таҷлил мекунанд.

Муваффақиятҳои Тоҷикистони муосир дар сохтмони давлатӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ бо номи Шумо пайванди ногусастанӣ доранд. Сиёсатмадори дурандеш ва хирадманд, Шумо дар ҳақиқат обрӯи Пешвои эътирофшудаи халқи худро ба даст овардаед.

Ин санаи муҳим барои бори дигар қадр кардани хизматҳои бузурги Шумо дар рушди босуръати Тоҷикистони азизамон, таҳкими нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Раёсат, аҳли коллективи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва тамоми донишҷӯёни он аз самими қалб ба Шумо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавоми саршор аз ҳаёт ва нерӯ, комёбиҳо, хушбахтии шахсӣ, инчунин дар ҳама корҳоятон муваффақиятҳои нав таманно дорем. Гуфтанием, ки аз доштани чунин як Пешвои меҳанпарвар ва инсондӯст ифтихор менамоем.

Зодрӯзатон муборак бод Пешвои муаззами миллат!

АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА
директори Муассисаи давлатии  таълимии
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

1 шарҳ
  1. Фаррух

    Беҳтарин суханҳо. Зодрӯзи Пешвои муаззами миллат муборак бошад!

Ҷавоб баФаррух
Бекор кардани ҷавоб

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.