Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста – оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.

Сарвари давлат бори дигар нақши забони модарии моро ҳамчун забони давлатӣ хотирнишон сохта, чунин изҳор доштааст: “Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”.

Нақши Пешвои миллат дар рушду густариши забони модарии мо бесобиқа аст. Асарҳои Президенти кишвар («Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён”, 2002; “Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён”, 2002; “Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён», 2006; “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, 2006), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд.

Махсусан нашри асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат, Китоби якум, Ба сӯйи боландагӣ” пешкаши хонандагони сершумори тоҷик шуд. Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои ахири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидааст.

Чуноне, ки худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани китоб забони тоҷикиро чунин тавсиф намудааст: “Бо шарофати истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд”.

Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки нуфуз ва тавоноии ин забон ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсат ва давлатдорӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда натавонист ва қавму миллатҳои мухталифе, ки асрҳо дар ин сарзамин ҳукмронӣ карданд, онро на танҳо ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони сиёсат ва давлату дарборҳои худ пазируфтанд.

Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омӯст. Ба иборати дигар, ин забон дар заминаи забонҳои бумии ин марзу бум: суғдӣ, тахорӣ, портӣ ва дар фароянди доду ситад ва ҳамёриву ҳамтаъсирӣ бо забони паҳлавӣ (форсии миёна) аз ҳисоби ин забонҳо дороӣ афзуда, ташаккул ёфт ва ба дараҷаи забони илмиву адабӣ расид. Забони тоҷикӣ бо шарофати сиёсати фарҳангпарвари Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва дигар хонаводаҳои эрониасл ба сифати забони илму адаб аз маҳдудаи як забони миллӣ берун гардид ва дар асрҳои баъдӣ дар як қисмати бузурги қитъаи Осиё ба забони байналмилалӣ табдил ёфт.

Забони намунаҳои боқимондаи назму насри тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар ғояти пухтагиву расоӣ буда, аз пешинаи дерини назму наср ба ин забон гувоҳӣ медиҳад, ки мутаассифона, аксари ин осор ва номи гӯяндагони он то замони мо нарасидааст.

Хулоса забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рўзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ кунад, балки тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад.

АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА
Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.